ГУЛБАҲОР НАЗИРӢ – МУОВИНИ НАВИ РАИСИ БОНКИ МИЛЛӢ. Маълумотномаи АМИТ «Ховар»

Август 19, 2022 12:25

ДУШАНБЕ, 19.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №425 аз 17 августи соли 2022 Назирӣ Гулбаҳор Назир муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъйин гардид.

Дар зер маълумотномаи АМИТ «Ховар» дар бораи ӯ оварда мешавад.

Гулбаҳор Назирӣ 19 сентябри соли 1970 дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Аз соли 1977 то соли 1987 дар мактаби миёнаи №5-и шаҳри Хуҷанд таҳсил намудааст. Соли 1987 ба факултети забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров дохил шуда, онро соли 1992 бо дипломи аъло хатм намудааст. Солҳои 1992 — 1997 дар факултети иқтисоди ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров таҳсил намуда, соҳиби ихтисоси иқтисодчӣ гардидааст.

Аз соли 1992 то соли 2007 дар ДДХ ба номи Б.Ғафуров ва аз соли 2007 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар вазифаи омӯзгор, сармуаллима, дотсент ва декани факултет фаъолият намудааст.

Моҳи ноябри соли 2009 Гулбаҳор Назирӣ рисолаи номзадиашро дар Шӯрои диссертатсионии Институти тадқиқоти иқтисодии назди Вазорати савдо ва рушди иқтисод дифоъ намудааст. Докторанти Институти муаммоҳои бозории Академияи илмҳои Русия аст.

Заҳматҳои Гулбаҳор Назирӣ дар ҷодаи тарбияи мутахассисони лаёқатманд ва пешбурди корҳои илмӣ бо унвони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ифтихорномаи Вазорати маорифи Тоҷикистон қадршиносӣ шудааст.

Монография, китобҳои дарсӣ ва зиёда аз 50 мақолаи илмии ӯ дар маҷаллаҳои ватанӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла Русия, Эрон, Ҳиндустон нашр гардидаанд.

Моҳи марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Август 19, 2022 12:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон беш аз 300 тонна пилла истеҳсол гардидааст
Дар Душанбе масъалаи рушди технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи кӯдакон дар муҳити рақамӣ баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1600 то 9.2309 сомонӣ муқаррар шудааст
Корхонаи коркарди пахтаи ноҳияи Фархор баъд аз таъмир ба истифода дода шуд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1076 сомонӣ муқаррар шудааст
Дурнамои рушди соҳаи сохтмони Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ дар Екатеринбург муаррифӣ гардид
Лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» татбиқ мегардад
Дар Конфронси C5+1 SI дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд
Коршиносони БОР соҳаи нақлиёт ва логистикаро яке аз муҳаррикони рушди иқтисодиёт арзёбӣ менамоянд
Байни Тоҷикистон ва палатаҳои савдою саноати кишварҳои ИДМ густариши робитаҳои тиҷоратӣ баррасӣ гардид