ҚИМАТИ РАВШАНӢ. Дания аз рӯи гаронии нархи неруи барқ ба ҷои аввал баромад. Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонии қувваи барқи арзон дар ҷои шашум қарор дорад

Август 23, 2022 12:13

ДУШАНБЕ, 23.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти агентии «РИА Рейтинг», дар нимаи аввали соли 2022 гаронтарин неруи барқ ​​барои аҳолӣ дар Дания ба қайд гирифта шудааст. Дар ҷои дуюм Олмон ва дар ҷои сеюм Белгия қарор доранд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Нархи миёнаи яклухти неруи барқ ​​дар Дания моҳи июни соли 2022 214,16 евро барои як МВт/соатро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 190 фоиз зиёд мебошад. Се моҳ қабл нархҳо ба авҷи давраи зикршуда расида, барои як МВт/соат беш аз 230 евроро ташкил доданд. Дар ин бора маълумоти биржаи неруи барқи «Nord Pool» аз 22 август гувоҳӣ медиҳанд.

Тавре Bloomberg менависад, сабаби асосӣ болоравии босуръати нархи сӯзишворӣ дар бузургтарин бозори неруи барқ ба шумор меравад. Нархи неруи барқ ​​дар Аврупо бар асари якчанд омилҳо, аз ҷумла афзоиши талабот ба гармӣ ба далели зимистони сард, болоравии қимати гази табиӣ ва ангишт, инчунин коҳиши истеҳсоли неруи барқи бодӣ бинобар паст шудани суръати шамол башиддат боло рафтааст.

Тибқи маълумоти нави Ассотсиатсияи федералии энергетика ва идоракунии об, хоҷагиҳо дар Олмон моҳи январи соли 2022 ба ҳисоби миёна 36,19 сент барои ҳар киловатт-соат неруи барқ ​​пардохт кардаанд. Аз сабаби андозҳои баланд ва пардохтҳои экологӣ дар кишвар олмониҳо бояд барои неруи барқ ​​ба ҳисоби миёнаи ҷаҳонӣ тақрибан 3 маротиба бештар пардохт кунанд.

Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонии арзонтарин неруи барқ ​​барои аҳолӣ дар соли 2022 дар ҷои шашум қарор гирифт.


Бино ба маълумоти муҳаққиқон, арзиши як киловатт-соат неруи барқ дар ҷумҳурӣ 0,023 долларро ташкил медиҳад. Нархи қувваи барқ дар Тоҷикистон арзонтар аз Узбекистон ва гаронтар аз Қирғизистон аст. Масалан, дар Бишкек як киловатт-соат 0,017 ва дар Тошканд 0,027 долларро ташкил медиҳад. Дар ҳамин ҳол, арзонтарин неруи барқ ​​дар ҷаҳон дар Либия аст. Сокинони ин кишвар барои як киловат-соат ҳамагӣ 0,007 доллар пардохт мекунанд.


Ёдовар мешавем, ки қаблан Тоҷикистон дар шохиси функсионалии меъмории энергетикӣ (The Global Energy Architecture Performance Index Report 2016 — EAPI), ки аз ҷониби Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ нашр шуда буд, миёни 126 кишвари ҷаҳон ҷои 45-ум ва дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷои аввалро ишғол намуд.

Тоҷикистон дар охири соли 2022 — аввали соли 2023 пурра ба ҳалқаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ пайваст мешавад. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ моҳи июли соли равон муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Ҷамшед Шоимзода хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, дар ҷанубу шимоли ҷумҳурӣ пайвастшавӣ дар баъзе хатҳо ва ҳамчунин содироти неруи барқ ​​ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла ба Узбекистон шурӯъ шудааст.

Тоҷикистон соли 2022 ба системаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ бармегардад. Ба он Узбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва қисмати ҷанубии Қазоқистон шомиланд. «Ин ба ҷумҳурӣ фоидаи калон хоҳад овард, махсусан баъди ба кор даромадани Неругоҳи барқи обии «Роғун», ки иқтидораш 3600 мегаватт аст», — навиштааст агентии иттилоотии «Sputnik»-и Русия.

Аз рӯи меъёри устувории энергетикӣ Тоҷикистон 0,46 хол гирифт, ки нишондиҳандаи миёнаи раддабандӣ (баландтаринаш 0,75) мебошад. Дар категорияи устувории экологӣ ҷумҳурӣ 0,82 хол гирифт (баландтарини он 0,90). Ва аз рӯи меъёри дастрасӣ ба энергия ва бехатарӣ Тоҷикистон 0,67 хол (баландтаринаш 0,95) гирифтааст. Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ: Қазоқистон дар ҷои 57-ум ва Узбекистон дар ҷои 84-ум ҷойгир шудаанд. Қирғизистон ва Туркманистон миёни 118 кишвари ҷаҳон мақоми 96-умро касб намуданд.

Дар шохиси бори чорум нашршуда ҷои аввалро Швейтсария, ҷои дуюмро Норвегия ва ҷои сеюмро Шветсия ишғол карданд. Дар ҷойҳои охир Яман, Лубнон ва Баҳрайн қарор гирифтанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Август 23, 2022 12:13

Хабарҳои дигари ин бахш

МАВҚЕЪГИРИИ СИЁСӢ ВА АРЗЁБИИ МУШКИЛОТИ ИМРӮЗ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон: Ҳеҷ неруе наметавонад муносибатҳои бародаронаи мардумони ду давлатро халалдор намояд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»