Масъалаи таъсиси Академияи омӯзиши забони кореягӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид

Август 19, 2022 09:10

ДУШАНБЕ, 19.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи таъсиси Академияи омӯзиши забони кореягӣ бо мақсади сафарбар намудани қувваи корӣ аз Тоҷикистон барои таъмин намудани эҳтиёҷоти бозори меҳнати Корея 18 август зимни мулоқоти Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии мамлакат Ширин Амонзода бо намояндагони Кумитаи низоми маориф ва хизматрасонии ёрии фавқулодаи тиббии Корея Ҷанубӣ баррасӣ гардид.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии мамлакат иттилоъ доданд, ҷонибҳо ҷиҳати баимзорасонии санадҳои ҳамкорӣ бо Ширкати World Мobility Associaion ба мувофиқа расиданд.

Зикр шуд, ки Кореяи Ҷанубӣ ба қувваи корӣ дар бахши саноати сабук, мошинсозӣ ва баҳамории қисмҳои эҳтиётии электромобилҳо ниёз дорад.

Ҳайати Кореяи Ҷанубӣ, ки ба он  намояндагони Кумитаи низоми маориф ва хизматрасонии ёрии фавқулодаи тиббӣ, ширкатҳои хизматрасонии кардиопулменарӣ, World mobility Associaion ва KOCECO шомил мебошанд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ

Август 19, 2022 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд дар муассисаҳои таҳсилоти касбии Олмон таҳсил намоянд
ЗИҲӢ САРВАР, ЯТИМОНРО ПУШТИБОНУ ЁВАР!!!
15-18 июл дар Тоҷикистон Мактаби тобистонаи таълими ҳуқуқи инсон баргузор мегардад
Дар Филиппин Форуми байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад