Муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода бо вазъи истифодаи замин дар минтақаи Рашт шинос гардид

Август 11, 2022 16:51

ДУШАНБЕ, 11.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода бо Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода ва муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаббор Носирзода аз 9 то 11 август бо ҷараёни корҳои саҳроӣ, парвариши картошка ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияҳои Лахш, Тоҷикобод, Рашт ва Нуробод аз наздик шинос шуда, бо роҳбарияти ноҳия ва кишоварзон суҳбату мулоқот анҷом доданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ хабар доданд.

Зимни боздид аз ноҳияҳои зикршуда иттилоъ дода шуд, ки сокинони минтақаи Рашт асосан ба картошкапарварӣ машғул буда, соли равон низ кишоварзон навъҳои серҳосили картошкаро парвариш намуда истодаанд.

Муовини Сарвазири мамлакат ҳангоми боздид аз майдонҳои кишти зироати кишоварзӣ роҳбарияти ноҳияро даъват намуданд, ки барои амалӣ намудани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати баланд намудани ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ, самараноку оқилона истифода намудани ҳар қитъа замин, иҷрои ҳатмии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 18 июни соли равон зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон баён намуда буданд, захираи дусолаи маводи ғизоӣ, омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023, махсусан захираи хӯроки чорво ва таҷлили ҷашни солгарди навбатии Истиқлолияти давлатӣ корбариро боз ҳам ҷоннок намоянд.

АКС: Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии ҶТ

Август 11, 2022 16:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Бонки миллии Тоҷикистон ба «Mooр Стивенс» барои фаъолияти аудиторӣ иҷозатнома дод
Агентии авиатсияи гражданӣ барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» озмун эълон менамояд
Соли 2026 Душанбе мизбони Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид мегардад
Дар Тоҷикистон Кодекси энергетикӣ таҳия ва қабул карда мешавад
Дар корхонаи коркарди меваю сабзавоти «Насим»-и шаҳри Хоруғ 12 навъи ширинӣ аз тут истеҳсол карда мешавад
Дар Душанбе вобаста ба татбиқи Созишнома байни вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Федератсияи Русия конфронс баргузор гардид
Дар Душанбе татбиқи лоиҳаи «Мутобиқшавии ширхӯрон ба тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозор ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» амалӣ карда мешавад
Дар Шуғнон бинои нави пойгоҳи барфу гармосанҷӣ ба истифода дода шуд
Дар Мурғоб калонтарин неругоҳи офтобӣ ба истифода дода шуд
Бадахшон мизбони Форуми байналмилалии «Помир-инвест -2025» мегардад
Тавсеаи ҳамкории энергетикии Тоҷикистон ва Чин баррасӣ шуд