ОБХЕЗИИ ХАРОБИОВАР ДАР ЭРОН. Президенти Тоҷикистон ба Президенти Эрон барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Август 4, 2022 13:47

ДУШАНБЕ, 04.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи бориши зиёд дар Эрон 90 нафар ҷон бохтанд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора рӯзи чоршанбе, 3 август агентии Tasnim гузориш дод.

Зикр гардид, ки боз 8 каси дигар бе ному нишон гаштаанд. Қаблан аз фавти 69 нафар хабар дода буданд.

Обхезӣ, ки дар натиҷаи бориши зиёд ба амал омадааст, охирҳои моҳи июл аз 31 музофоти Эрон 24-тои онро фаро гирифт.

Иттилоъ дода мешавад, ки тақрибан 60 шаҳр ва 516 деҳот, инчунин 85 роҳ зарар дидаанд. Бештар аз ҳама Бахтиёрия, Исфаҳон, Язд, Луристон, Мозандарон, Теҳрон ва Чаҳормаҳал зарар дидаанд. Ҳоло 1332 нафар ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуда, 5215 каси дигар бо бошишгоҳҳои муваққатӣ таъмин гардидаанд ва сокинони 944 хонаро тахлия намудаанд.


Тавре АМИТ «Ховар» хабар дод, дирӯз, 3 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

 «Ҷаноби Олӣ, хабари талафоти ҷонӣ ва хисороти зиёди моддӣ бар асари бориши шадид ва обхезиҳои харобиовар дар як қатор минтақаҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон боиси андӯҳи амиқи мо гардид. Бинобар ин мусибати гарон ба Шумо, мардуми дӯсти Эрон ва аҳли пайвандону наздикони қурбониён маротиби ҳамдардӣ ва тасаллиёти ин ҷонибро иброз менамоям».

АКС аз манбаъҳои боз

Август 4, 2022 13:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид