ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст

Август 29, 2022 08:10

ДУШАНБЕ, 29.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 10+15 дараҷа гарм, рӯзона 22+27 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 10-15  метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 дараҷа гарм, рӯзона 31+36 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11 дараҷа гарм, рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 дараҷа гарм, рӯзона 32+37 дараҷа гарм, дар доманакӯҳо шабона 11+16 дараҷа гарм, рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ  ҳавои  тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 дараҷа гарм, рӯзона 30+18 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14 дараҷа гарм, рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад.

Дар Душанбе  ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 15+17 гарм, рӯзона 33+35 дараҷа гарм мешавад.

Август 29, 2022 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд