ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Ховалинг ярмаркаи либосҳои мактабӣ ташкил шуда, таъмири муассисаҳо анҷом меёбад
ХОВАЛИНГ, 18.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ярмаркаи фурӯши либосҳои мактабӣ ташкил намуда, ҳамзамон таъмиру омодагии муассисаҳои таълимиро ба соли нави хониш зери назорат гирифтааст. Дар ин бора мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон ХОЛЗОДА иттилоъ медиҳад.
Дар ярмарка аслан либосҳои мактабӣ аз корхонаи дӯзандагии «Лоҳутӣ»-и Ҷамоати деҳоти Лоҳутии ноҳия ба фурӯш бароварда, дастраси хонандагон гардонида шудаанд.
Тавре муовини Раиси ноҳияи Ховалинг Зарҳалбӣ Кабирзода иттилоъ дод, дар баробари ташкили ярмаркаи либосҳои мактабӣ роҳбарияти корхонаи дӯзандагии «Лоҳутӣ» бо муассисаҳои таълимии ноҳия шартнома баста, андозаи либосҳоро гирифта, барои ҳар хонанда либоси мактабӣ медӯзанд.
Ҳоло дар корхонаи дӯзандагӣ дӯхти либоси мактабӣ идома дорад. Дӯзандагон аллакай беш аз навад фоизи фармоишро ба анҷом расонида, рӯзҳои наздик нақшаи дӯхти либоси мактабиро иҷро менамоянд.


Раёсати молияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг барои таъмири муассисаҳои таълимӣ маблағҳоро ба суратҳисоби онҳо гузаронидааст. Ин аст, ки корҳои таъмирӣ дар муассисаҳо дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд.
Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15 аллакай сарулибоси мактабиро дастрас намуда, ба хонандагон тақсим карда истодаанд. Хонандагони ин муассиса 85 фоиз бо либоси мактабӣ таъмин шудаанд. Дар баробари ин таъмири муассиса ба анҷом расида, ҳоло синфхона ва кабинетҳои фанниро ба тартиб медароранд.
Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 бо дастгирии хатмкардагони муассиса ва ассотсиатсияи падару модарон синфхонаҳо ва кабинетҳои фанниро аз таъмири хушсифат баровардаанд. Дар айни замон корҳои рангуборкунӣ дар қисмати берунии бино идома доранд.
Омӯзгорону коргарони хоҷагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 низ таъмири синфхонаҳо ва роҳраву кабинетҳои фанниро анҷом дода, ҳоло хонандагонро бо либосҳои ягонаи мактабӣ таъмин намуда истодаанд. Омӯзгорон асбоби аёнӣ, компютеру тахтаҳои электронӣ ва дигар таҷҳизоту лавозимоти соҳавиро ҷо ба ҷо мегузоранд. Ҳамзамон дар ҳамаи муассисаҳо дарсҳо барои хонандагони синфи якум оғоз шудаанд. Давоми ду ҳафта ба хонандагони синфи якум вақту тарзи омаду рафт ба мактаб омӯзонида мешавад.
Раёсати маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг барои таъмини муассисаҳо бо омӯзгорон ва дигар мутахассисони касбӣ кадрҳои ҷавонеро, ки тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шудаанд, қабул менамоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Green Wi-Fi: интернет ҳангоми сайру гашт дастрастар мегардад
Nexign ва TelecomDaily: бозори алоқаи Тоҷикистон дар соли 2025 ба андозаи 13,7% афзоиш ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Шаҳринав даври ноҳиявии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» доир гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд






