ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар бозори «20-солагии Истиқлолият»-и шаҳри Хоруғ 900 тонна ангиштсанг ба фурӯш гузошта шуд

Август 22, 2022 09:24

ХОРУҒ, 22.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзи аввали ярмарка — фурӯши ангиштсанг дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 900 тонна ин намуди сӯзишворӣ ба маркази маъмурии вилоят ва ноҳияҳо интиқол дода шуд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз МИРАСАН.

Ёдовар мешавем, ки соли дуюм аст бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати саноат ва технологияи нави мамлакат бо мақсади сари вақт таъмин намудани сокинони шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо маводи сӯхт дар бозорҳои ин минтақаи кӯҳистон ярмарка-фурӯши ангиштсанг ба роҳ монда мешавад.

Ба гуфтаи муовини Директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Ангишти тоҷик» Ҳусейн Асоев, «барои сари вақт иҷро намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли равон «Дар бораи омода намудани соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ба фасли тирамоҳу зимистон солҳои 2022-2023» корхонаҳои истеҳсоли ангишти мамлакат миқдори зарурии маводи сӯхт омода намуда, интиқоли онро, пеш аз ҳама, ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз карданд. Зеро рӯзҳои сард дар ин минтақа барвақт сар мешаванд ва имкони роҳбандиҳо дар рӯзҳои аввали фасли тирамоҳ бар асари бориш вуҷуд дорад. Аз ин рӯ бо дастури Сарвари давлат корхонаҳои истеҳсоли ангишти ҷумҳурӣ, аз ҷумла корхонаи фаръии «Шахтаи Яғноб», ҶДММ «Талко ресурс», кони ангишти «Зиддӣ», Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Комбинати металлургии тоҷик», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишти Камароб» муваззаф гардиданд, ки аҳолии шаҳру ноҳияҳои ин вилоятро то фаро расидани фасли сармо пурра  бо ангиштсанг таъмин намоянд».

Аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят иттилоъ доданд, ки барои муътадил паси сар кардани фаслҳои тирамоҳу зимистон сокинони вилоят ва кормандони идораву муассисаҳои иҷтимоӣ ба беш аз 38 ҳазор тонна ангиштсанг ниёз доранд, ки аз нисф бештари он дар анборхонаҳои ин муассисаҳо захира шудааст.

АКС: мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ

Август 22, 2022 09:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад