Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ бо Сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон мулоқот намуд

Август 13, 2022 09:58

ДУШАНБЕ, 13.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 12 август Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эрлан Абдилдаев мулоқот намуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар кумитаи мазкур.

Ориф Хоҷазода Эрлан Абдилдаевро ба муносибати ба ҳайси Сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон таъйин шуданаш табрик гуфта, изҳори умедворӣ намуд, ки Сафорат барои тақвияти минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судманд саҳми бештар хоҳад гузошт.

Дар навбати худ Эрлан Абдилдаев барои табрик изҳои миннатдорӣ намуда, иброз дошт, ки ин аввалин мулоқоти ӯ бо аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Зимни мулоқот ҳамчунин ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифта, Эрлан Абдилдаев аз фаъолияти гурӯҳҳои топографии Тоҷикистон ва Қирғизистон изҳори қаноатмандӣ намуда, гуфт, ки барои тавсеаи ҳамкорӣ дар ин самти фаъолият омодаанд.

Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо омодагии худро барои боз ҳам тавқият додани ҳамкорӣ дар доираи гурӯҳҳои топографӣ, инчунин дигар самтҳои ба фаъолияти Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ дахлдор изҳор доштанд.

АКС: Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 13, 2022 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд