Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода бо фаъолони Айнӣ, Кӯҳистони Масчоҳ ва Панҷакент мулоқот намуд
СУҒД, 05.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ бо фаъолони шаҳри Панҷакент, ноҳияҳои Айнӣ ва Кӯҳистони Масчоҳ мулоқот намуд. Дар ин бора ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» дар дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ хабар доданд.
Дар ҷамъомад муовини Раиси вилояти Суғд Зоҳид Давронзода, Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода, муовини Раиси шаҳри Панҷакент, муовини Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, намояндагони сохторҳои қудратӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар фаъолон аз шаҳру ноҳияҳои мазкур иштирок намуданд.
Ҳадафи мулоқот бо мардум аз расонидани муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 21 декабри соли 2021 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буд.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода доир ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр кард, ки Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ барои пешрафти давлату миллат саҳми муҳим дорад.
«Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ барои қавӣ гардонидани андешаҳои миллӣ, танзими муносибатҳои ҷамъиятие, ки дар он дарҷ мегарданд, муҳим буда, барои пешрафти илм, фарҳанг, саноат, энергетика, татбиқи ҳуқуқ, ҳуқуқэҷодкунӣ, ихтироъ, илмҳои дақиқ, риёзӣ, гуманитарӣ ва ғайра нақши амалӣ дорад. Бинобар ин мо, шаҳрвандони ҷумҳурӣ бояд дар атрофи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ бошем ва дар якҷоягӣ барои ободии Ватанамон камари ҳиммат бандем», — иброз намуд мавсуф.
Дар интиҳои мулоқот Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода гуфт, ки «мардуми сарбаланди водӣ сиёсати оқилонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро сармашқи кори худ намуда, ҳама дастуру ҳидоят ва супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар амал татбиқ менамоянд».
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ









Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд






