Рамазон Раҳимзода дар ҷаласаи чоруми вазирони корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятии давлатҳои аъзои СҲШ дар Тошканд иштирок намуд

Август 19, 2022 09:35

ДУШАНБЕ, 19.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 18 августи соли 2022 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон ҷаласаи чоруми вазирони корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор гардид, ки дар кори он Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода иштирок намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷаласа вазирон ва намояндагони вазоратҳои корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятии кишварҳои узви СҲШ, инчунин мақомоти доимии СҲШ, намояндагони давлатҳои нозири СҲШ- Ҷумҳурии Исломии Эрон, Беларус, Муғулистон ва созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ИНТЕРПОЛ, БҲМЗҶМ (БКБОП), Маркази зиддитеррористии ИДМ ширкат доштанд.

Зимни вохӯрӣ вазирони корҳои дохилӣ дар фазои ошкоро ва дӯстона доир ба масъалаҳои амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ, рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва сепаратизм, мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ табодули афкор намуданд.

Иштирокчиёни ҷаласа хостори тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар доираи СҲШ тавассути вазоратҳои корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятии кишварҳои узв бо назардошти афзояндаи бесуботӣ дар арсаи байналмилалӣ шуданд.

Таъкид шуд, ки густариши ҳамкорӣ дар заминаи мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва сепаратизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва моддаҳои психотропӣ, ҳамчунин дар заминаи ҳифзи сулҳу субот ва амният дар фазои СҲШ афзалиятнок ва муҳим аст.


Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода зимни суханронӣ изҳор дошт, ки «мо бояд кӯшишҳои худро дар якҷоягӣ бар зидди се зуҳуроти номатлуб — терроризм, экстремизм ва сепаратизм равона намоем, зеро ин хатару таҳдидҳо ба амнияту суботи тамоми ҷаҳон, аз ҷумла ба фазои кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай таҳдид менамоянд. Тоҷикистон бо шарофати чораҳои саривақтӣ ва инчунин ҳамкорию ҳамоҳангии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуб ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст».

Зикр гардид, ки Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бо хатару таҳдидҳои замони муосир ҳамеша омодаи ҳамкорист.

Дар ҷараёни ҷаласа вазирон якдилона аҳамияти муколамаи ошкоро ва ҳамкории амалӣ дар заминаи мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили фаромиллиро таъкид карданд.

Дар хотима аз рӯи натиҷаҳои ҷаласа Протокол ба имзо расид.

Ҳамчунин дар доираи баргузории ҷаласаи чоруми вазирони корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон вохӯрии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон Улан Ниязбеков, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Қазоқистон Марат Ахмеджанов ва Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Ҳиндустон Нитянанд Рай баргузор гардид.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориро дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ҷустуҷӯи ҷинояткорони дар кофтуков қарордошта, пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва амнияти иттилоотӣ, инчунин омода намудани кадрҳои баландихтисос мавриди баррасӣ қарор доданд.

Инчунин ҷонибҳо роҷеъ ба рушду густариш додани ҳамкорӣ дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули афкор намуданд.

Акс: ВКД ҶТ

Август 19, 2022 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон якчанд ноҳия даъвати баҳориро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст намуданд
Дар шаҳри Бӯстон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд
Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризму экстремизм яке аз давлатҳои пешсаф аст
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд
Байни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мактаби шуҷоату мардонагӣ аст
ТЕРРОРИЗМ ЧИСТ? ТЕРРОРИСТ КИСТ? Чаро як фард тамоми арзишҳои инсониро канор гузошта, ба ин роҳи манфур меравад?
Дар Истаравшан гурӯҳи нахустини ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайваст
Дар Душанбе масъалаи татбиқи марҳилаи дуюми низоми «Шаҳри бехатар» баррасӣ шуд
Дар Суғд нахустин гурӯҳи даъватшавандагонро ба таври тантанавӣ ба хизмати ҳарбӣ гусел намуданд
Ҷавонписарони сарбаланди шаҳри Роғун хизмат дар сафи Артиши миллиро барои худ шараф медонанд
Модарони ноҳияи Варзоб фарзандонашонро бо дуои нек ба хизмати Ватан-Модар гусел намуданд