Саҳми Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Ҷопон дар рушди муносибатҳои дуҷониба муҳим арзёбӣ гардид
ДУШАНБЕ, 04.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 3 август Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Роҳбари Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Ҷопон Кейҷи Фуруя мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷӣ.
Зимни мулоқот ҷонибҳо дастовардҳои мусбати сӣ соли равобити дипломатии Тоҷикистон ва Ҷопонро таъкид намуда, нақши робитаҳои байнипарлумонӣ ва саҳми Гурӯҳи дӯстии байнипарлумониро дар рушди муносибатҳои дуҷонибаи байни ду кишвар муҳим арзёбӣ намуданд.
Ҷонибҳо сатҳи ҳамкории ду кишвар дар бахшҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, омодасозии кадрҳо ва робитаҳои илмию фарҳангӣ, беҳтаргардонии зерсохтори нақлиётию логистикӣ, татбиқи санадҳои қаблан имзошудаи ҳамкорӣ, амалӣ кардани лоиҳаҳои муштарак ва ҳамчунин зарурати таҳкими минбаъдаи ҳамкории барои ҳарду кишвар судмандро таъкид намуданд.
Ҷонибҳо аҳаммияти ҳамкорӣ дар доираи Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон»-ро ҳамчун заминаи эътимоднок ва воқеӣ дар роҳандозии ҳамкории амалӣ ва ҳамшарикии Ҷопон бо Осиёи Марказӣ зикр карданд.
Акс: ВКХ ҶТ








Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо роҳбарияти хабаргузории KUNA ҳамкории иттилоотиро баррасӣ кард
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти «Caspian Energy Club» мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ баррасӣ гардид
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатӣ дар умури шаҳрдорӣ ва вазири давлатӣ дар умури маскани Кувайт мулоқот намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт оид ба бахши сармоягузорӣ ва сайёҳӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Дар Туркманистон нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор гардид
Ашрафҷон Гулов бо Сафири навтаъйини Амороти Муттаҳидаи Араб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Ҳувайдин Зайбон Алӣ Ал-Катбӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд






