Сарвазири Тоҷикистон бо Дабири кулли Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ мулоқот намуд

Август 2, 2022 11:03

ДУШАНБЕ, 02.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Дабири кулли Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ доктор Нойиф Фаллоҳ Муборак ал-Ҳаҷраф мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Нақши Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ дар таҳкиму тавсеаи ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва кишварҳои ҳавзаи Халиҷ, роҳандозии муколамаи стратегӣ миёни Шӯрои ҳамкорӣ ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ва эҷоди қолаби нави ҳамкории бисёрҷониба бо кишварҳои арабии Халиҷ, ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетика, истихроҷи маъдан, саноат, кишоварзӣ, бонкдорӣ, сайёҳӣ, роҳу нақлиёт, авҷ гирифтани зуҳуроти номатлуби аср, аз қабили терроризм, ифротгароӣ ва афзоиши қочоқи силоҳу маводи мухаддир аз масъалаҳое буданд, ки зимни мулоқот ҷонибҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, ба вусъат бахшидани ҳамгироӣ дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳ ҳавасмандӣ зоҳир карданд.

Таъкид шуд, ки Тоҷикистон муносибати неки фарогири ҳамаи самтҳоро бо кишварҳои арабии ҳавзаи Халиҷ ба роҳ монда, дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои молиявӣ ба татбиқи лоиҳаҳо низ вусъат мебахшад.

Дар мулоқот имзои Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дабирхонаи кулли Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ дар раванди таҳкими ҳамкории дуҷонибаи  Тоҷикистон бо кишварҳои арабии Халиҷ муҳим арзёбӣ карда шуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 2, 2022 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд