Шоми имрӯз чемпиони ҷаҳон оид ба гӯштини дзюдо миёни ҷавонон Нуралӣ Эмомалӣ ба Ватан бармегардад

Август 19, 2022 09:21

ДУШАНБЕ, 19.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шоми имрӯз, соати 17:00 паҳлавони ҷавони тоҷик Нуралӣ Эмомалӣ бо медали тиллои Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини дзюдо миёни ҷавонон, ки аз 10 то 13 август дар шаҳри Гуаякили кишвари Эквадор баргузор гардид, ба Ватан бармегардад. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи дзюдои Тоҷикистон хабар додааст.

Ёдовар мешавем, ки дар рӯзи якуми Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини дзюдо рақобатҳо дар вазни то 66кг сурат гирифтанд. Дар он Ҷумҳурии Тоҷикистонро Нуралӣ Эмомалӣ муаррифӣ карда, сазовори медали тилло ва унвони чемпиони ҷаҳон гардид. Нуралӣ Эмомалӣ дар даври якум бо варзишгари Италия – Валерио Акколи қувва санҷида, дар дақиқаи дуюми рақобат бо иҷрои зиддиҳамла тавонист аз ҳариф имтиёзи «ваза-ари» ситонад ва онро то охир ҳифз намуда, пирӯз гардад.

Дар даври дуюм Нуралӣ дар муқобили варзишгари фаронсавӣ – Максим Моунданга қарор гирифт. Ин навбат ҳам Нуралӣ Эмомалӣ бо истифода аз зиддиусули касбӣ «ваза-ари» карда, ғолиби рақобат гашт. Дар даври чорякниҳоӣ чемпиони феълии Тоҷикистон рақибаш аз Туркия – Муҳаммад Демирелро бо иҷрои моҳиронаи «де аши барай» шикаст дод ва ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфт.

Дар даври нимниҳоӣ Нуралӣ Эмомалӣ бо Извореану Раду аз Молдова қувваозмоӣ кард. Нуралӣ Эмомалӣ дар оғози рақобат бо истифода аз усули «де аши барай» аз ҳариф имтиёзи «ваза-ари» ситонид ва дар идома аз назари тактикӣ беҳтар амал кард, ки ин сабаб гардид, то Раду бо дарёфти се танбеҳ шикаст хӯрад.

Дар вохӯрии ниҳоӣ Нуралӣ бо паҳлавони Узбекистон- чемпиони феълии Осиё миёни ҷавонон Азизбек Ортиқов зӯрозмоӣ кард. Варзишгарон набарди шадид анҷом дода, ниҳоят дар 10 сонияи охири рақобат Нуралӣ бо иҷрои зебои «коши гурума» аз ҳариф имтиёзи «ваза-ари» касб кард ва дар идомаи ҳамла рақибро дар ҳолати «осаекоми» нигаҳ дошт ва бо баҳогузории «иппон» пирӯз гашт.

Баробари дарёфти медали тилло Нуралӣ Эмомалӣ соҳиби 700 имтиёз ва ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 2000 доллари ИМА шуд.

Дар таърихи гӯштини дзюдои тоҷик ин дуюмин медали тилло аз Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон маҳсуб мешавад. Мавриди зикр аст, ки нахустин медали тиллоро паҳлавони тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 73кг моҳи октябри соли 2019 дар Чемпионати ҷаҳон дар Марокаш ба даст оварда буд.

АКС: Федератсияи дзюдои Тоҷикистон

Август 19, 2022 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2025. Дастаи мунтахаби занонаи то 18-солаи Тоҷикистон бо дастаи занонаи Узбекистон бозиро мусовӣ кард
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо шарофати варзишгарон Парчами давлатӣ зиёда аз 7500 маротиба баланд бардошта шуд
«ВАРЗИШГАРОН — ПАРЧАМБАРДОРОНИ МИЛЛАТ». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои 6-уми ҳамбастагии исломӣ-2025 соҳиби ҳашт медал шуданд
ҶОМИ ОСИЁ ОИД БА ҶУДО БАЙНИ НАВРАСОН ВА ҶАВОНОН-2025. Варзишгарони тоҷик дар рӯзи якум 3 медали тилло ба даст оварданд
«ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШГАРОН -САДОҚАТ БА ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ». Бо чунин унвон «Дав барои хушҳолӣ» баргузор гардид
Дар ноҳияи Ёвон варзишгарони ҷавон барои дастовардҳои назаррас қадрдонӣ шуданд
Парчами давлатии Тоҷикистон давоми нуҳ моҳ ба шарафи варзишгарони тоҷик зиёда аз 320 маротиба баланд бардошта шуд
Душанбе мизбони мусобиқаҳои бонуфузи қитъавӣ – Ҷоми Осиё оид ба ҷудо байни наврасон ва ҷавонон-2025 мегардад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии даври панҷуми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дастаи Тимори Шарқиро мағлуб намуд
Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-15) дар бозии санҷишӣ дастаи мунтахаби Русияро мағлуб кард
Горан Стеванович: «Мо ба шаҳри Дарвин барои ба даст овардани се имтиёз омадаем»