Шумораи мубталоёни COVID-19 дар ҷаҳон аз 592 миллион нафар гузашт
ДУШАНБЕ, 11.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи ҳолатҳои сироятёбӣ аз коронавирус то субҳи 11 август дар ҷаҳон ба 592 129 086 расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ).
Ба қатори кишварҳое, ки беш аз 20 миллион ҳолати сироятёбӣ доранд, ИМА, Ҳиндустон, Фаронса, Бразилия, Олмон, Британияи Кабир, Италия ва Кореяи Ҷанубӣ шомил мешаванд.
Аз оғози паҳншавии вирус дар ҷаҳон бинобар пайомадҳои сироятёбӣ аз COVID-19 6 444 786 нафар вафот кардаанд.
Шумораи сироятёфтагон ва фавтидагон аз пайомадҳои гирифторӣ чунин аст:
ИМА — 94 348 507 ва 1 060 755.
Ҳиндустон — 44 203 754 ва 526 826.
Фаронса — 34 144 969 ва 152 91.
Бразилия — 34 096 935 ва 680 852.
Олмон — 31 379 757 ва 145 241.
Британияи Кабир — 23 368 899 ва 185 052 (маълумот то 6 август).
Италия — 21 400 179 ва 173 571.
Кореяи Ҷанубӣ — 20 983 169 ва 25 441.
Бино ба маълумоти сомонаи амрикоии Worldometer, ки ба омори рӯйдодҳои асосии ҷаҳон рабт дорад, мизони марг то субҳи рӯзи сешанбе ба сари 1 миллион нафар аҳолӣ дар сайёра 826,0 нафар рост меояд. Дар Ҳиндустон аз ҳар 1 миллион аҳолӣ 374 кас, дар Бразилия — 153, дар Фаронса — 2329, дар Олмон — 1719, дар Британияи Кабир — 2696 (маълумот аз 4 август), дар Италия — 2874, дар Кореяи Ҷанубӣ — 493 нафар фавтидааст.
Маълумот оид ба ИМА мавҷуд нест.
АКС аз манбаъҳои боз