ТОҶИКИСТОН — ҶАВҲАРИ КАШФНОШУДА. Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус сайёҳон давлати моро чунин арзёбӣ менамоянд
ДУШАНБЕ, 15.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Русия, Қазоқистон ва Узбекистон ба рӯйхати даҳгонаи мамлакатҳое ворид мешаванд, ки солҳои охир шаҳрвандонашон бештар ба ҳайси сайёҳ ба Тоҷикистон ташриф меоранд. Соли равон аз Тоҷикистон аз Русия беш аз 57,8 ҳазор нафар, Қазоқистон- 9,2 ҳазор нафар ва аз Узбекистон зиёда аз 272 ҳазор нафар сайёҳ боздид намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд аст.
Тавре мудири бахши котиботи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдукарим Қурбонзода дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, «афзоиши сайёҳони хориҷӣ ба кишвар, қабл аз ҳама, ба амнияту субот, мавҷудияти роҳҳои замонавӣ ва инфрасохтори мусоиди сайёҳӣ дар кишвар рабт дорад. Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ҳамчун ҷавҳари кашфношуда арзёбӣ менамоянд. Дар Тоҷикистон сайёҳии экологӣ, таърихию фарҳангӣ, табобатию солимгардонӣ ва кӯҳнавардӣ, аграрӣ, инчунин сайёҳии шикор бештар ба сайёҳон писанд аст. Тоҷикистон барои рушди ин навъҳои сайёҳӣ дорои имконоти бузург аст, ки дар минтақа назир надорад. Аз ҷумла, кӯҳҳои сарбафалак, обҳои мусаффо ва шифобахш, кӯлу чашмаҳо, табиати нотакрор ва кашфношуда, мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, меваю сабзавоти аз лиҳози экологӣ тоза, дар як фасл тамошо намудани чор фасли сол, набототу ҳайвоноти нодир ва гиёҳҳои шифобахш сайёҳонро мафтун кардаанд».

Маҳз татбиқи сиёсати созанда ва дурбинонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки сайёҳӣ дар замони кӯтоҳ рушд намуда, ташрифи сайёҳон ба мамлакат афзоиш ёфт.
Тақвияти заминаҳои қонунгузорӣ, ташкили сохтори махсуси соҳавии давлатӣ, қабул ва татбиқи барномаву стратегияи миллӣ, фароҳам овардани имтиёзҳои зиёди андозиву гумрукӣ ва ҷорӣ намудани раводиди электронӣ қадамҳои устувореанд, ки дар ин ҷода саҳми арзанда гузоштанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳояшон ба ин соҳаи даромадноки кишвар, омода намудани мутахассисони ихтисосманди соҳа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудаанд. Сиёсати дарҳои боз ва ба макони баргузории чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ табдил ёфтани мамлакат ба муаррифии иқтидори Тоҷикистони муосир ба ҷомеаи ҷаҳонӣ такони ҷиддӣ бахшид.
Абдукарим Қурбонзода зикр намуд, ки «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки дар заминаи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таҳия шудааст, роҳ ва самтҳои рушди соҳаи сайёҳиро бо дарназардошти рушди маҷмӯии соҳа, инфрасохтори он, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ, тарғибу ташвиқи имконияти сайёҳии ҷумҳурӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, омодасозии кадрҳои баландихтисоси соҳа бо назардошти талаботи бозори меҳнати сайёҳӣ, баромадан ба бозорҳои нави сайёҳӣ ва ҷалби бештари сайёҳон, баланд бардоштани саҳми соҳаи сайёҳӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва рушди иқтисоди миллӣ муайян ва мушаххас менамояд».
Мудири бахши котиботи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ меафзояд, ки «Тоҷикистон дар рушди соҳаи сайёҳӣ қадамҳои нахустин ва устуворона мегузорад ва дар ин ҷараён омӯхтани таҷрибаи ҷаҳонӣ ва тарғибу ташвиқи захираҳои туристии мамлакат басо муҳим аст. Созмонҳои байналмилалӣ ва коршиносони сатҳи ҷаҳонӣ ташаббусҳои Ҳукумати мамлакатро барои эълон намудани солҳои 2018-2021 Солҳои рушди сайёҳӣ ва пешбинӣ намудани имтиёзҳо барои соҳаро саривақтӣ арзёбӣ намуданд».

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масоили ҷалби сармояи хориҷӣ ба соҳаи сайёҳӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад. Имрӯз тамоми имконот барои ҷалби диққати сармоягузорон ба маблағгузории лоиҳаҳои мақсаднок ва бунёди инфрасохтори сайёҳӣ истифода мешавад.
Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ то имрӯз бо кишварҳои Амороти Муттаҳидаи Араб, Шри-Ланка, Урдун, Узбекистон, Қазоқистон, Русия, Швейтсария, Фаронса, Кувайт, Туркманистон, Эрон, Покистон созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида, ҳамкории дуҷониба дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст.

Бо мақсади пайдо намудани бозорҳои нав намояндагони бахши сайёҳии мамлакат дар калонтарин намоишгоҳҳои сайёҳию тиҷоратӣ ва ҳунармандӣ, ки дар Олмон, Британияи Кабир, Малайзия, Амрико, Фаронса, Кореяи Ҷанубӣ, Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб, Кувайт, Қатар, Юнон, Испания, Белгия, Туркия, Русия, Қазоқистон, Узбекистон ва дигар давлатҳои хориҷи дуру наздик баргузор мегарданд, ширкат намуда, захира ва имконияти сайёҳии мамлакатро ба дӯстдорони сайру саёҳати Тоҷикистон таблиғу ташвиқ менамоянд. Дар доираи ин тадбирҳо бренди сайёҳии Тоҷикистон васеъ тарғибу ташвиқ гардида, бо созмонҳои байналмилалӣ дар самти мутобиқгардонии маҳсулоти сайёҳии мамлакат ба стандартҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ боз ҳам ҷоннок карда мешавад.
Дар раванди рушди сайёҳии дохилӣ ва байналмилалӣ дар Тоҷикистон зиёда аз 3000 ёдгории таърихию фарҳангии бақайдгирифташуда, барои ворид кардан ба феҳристи сайёҳӣ ва захираҳои зиёди экологӣ мавриди таҳқиқ қарор доранд.
Бо мақсади рушди ҳамкории дуҷониба бо Русия 17 апрели соли 2019 дар шаҳри Москва дар ҷараёни сафари расмии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Русия созишномаи ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар соҳаи сайёҳӣ ба имзо расонида шуд.

Ҳамасола намояндагони соҳаи сайёҳии кишвар дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ дар шаҳри Москваи Русия, аз ҷумла «Интурмаркет» ва «МИТТ» иштирок намуда, гӯшаи сайёҳии Тоҷикистонро бо маводи таблиғотиву ташвиқотӣ аз имконияти сайёҳии кишвар ба бозори сайёҳии Русия ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пешниҳод менамоянд. Дар ин давра вохӯриҳои якҷояи мақомоти сайёҳии ҳарду кишвар тариқи маҷозӣ ва ҳузурӣ, иштироки суъбектҳои хизматрасони сайёҳӣ дар чорабиниҳои ҳамдигар танзим гардида, бештар масъалаҳои татбиқи муқаррароти Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар самти сайёҳӣ, густариши муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи сайёҳӣ бо Русия ва ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон ба кишвар баррасӣ гардиданд.
Абдукарим Қурбонзода зикр намуд, ки Кумитаи рушди сайёҳӣ тасмим гирифтааст, ки бо иштироки ширкатҳои сайёҳии ватанӣ бо мақсади ҷалби бештари сайёҳони Русия ба Тоҷикистон гурӯҳҳои кориро ба минтақаҳои Русия сафарбар намояд.
Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ тасмим гирифтааст, ки дар доираи татбиқи ҳадафҳои Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бо мақсади кашфи бозорҳои нави сайёҳӣ ҳамасола дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Сайёҳӣ ва Мусофират», ки дар Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор мегардад, иштироки фаъол намояд.

Тоҷикистон ва Узбекистон ду давлате ҳастанд, ки таърихан муҳимтарин ҳалқаи Роҳи бузурги абрешим маҳсуб мешуданд. Онҳо дар чорроҳаи асосии тиҷорати ҷаҳонӣ қарор дошта, аз замонҳои қадим дар раванди ғанисозии мутақобилаи фарҳангу тамаддунҳо мавқеи муҳимро ишғол кардаанд. Дастоварди барои миллати мо бениҳоят муҳим- ин таҳкими дӯстиву бародарӣ, кушода шудани марзҳои ду кишвари ҳамҷавор — Тоҷикистон ва Узбекистон мебошад. Дар заминаи Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон оид ба мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон ва Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, ки зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида шуданд, гурӯҳи зиёди сайёҳони Тоҷикистон ба Узбекистон ва аз Узбекистон ба Тоҷикистон ташриф оварда истодаанд.
Татбиқи ин санад ба рушди ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла мубодилаи иттилоот доир ба рушди сайёҳӣ тавассути маводи нашрӣ, филмҳо, гузаронидани чорабиниҳои тарғиботӣ, ҳамоишу конфронсҳо, ташкили намоишгоҳҳо ва барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ миёни ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва ширкатҳои сайёҳии Узбекистон мусоидат менамояд.
Тибқи созишномаи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон, ду давлати ҳамҷавор –Тоҷикистон ва Узбекистон ҳуқуқ доранд ба муҳлати 30 рӯз бидуни раводид ба кишварҳои ҳамдигар сафар намоянд. Оғоз гардидани сафари бераводид миёни Тоҷикистон ва Узбекистон на танҳо ба рушди бахши сайёҳӣ миёи ду кишвар, инчунин ба тақвияти ҳамкории минтақавии сайёҳӣ мусоидат менамояд. Таҳлилҳо бозгӯи онанд, ки зимни ташриф ба Тоҷикистон сайёҳони Узбекистон ба намудҳои сайёҳии табобатӣ- солимгардонӣ, экологӣ ва сайёҳии зиёратӣ бештар майлу рағбат доранд.

Абдукарим Қурбонзода иброз намуд, ки ҳоло ҳамкорӣ миёни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва кишварҳои Русия, Қазоқистон ва Узбекистон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, хатсайрҳои минтақавӣ низ амалӣ шуда истодаанд.
Истифодаи таҷриба ва донишҳои пешқадам дар соҳаи сайёҳии Русия, Қазоқистон, Узбекистон ва Тоҷикистон ба рушди минбаъдаи ҳамкории башардӯстона ҷиҳати таҳкими робитаҳои муштараки сайёҳию фарҳангӣ дар минтақа мусоидати ҳамаҷониба менамояд.
«Имрӯзҳо татбиқи самараноки сиёсати давлатии соҳа ба баланд бардоштани ҷолибияти маҳсулоти сайёҳии миллӣ таъсири мусбат расонида, ба таҳкими рақобатпазирии саноати сайёҳии кишвар замина мегузорад. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ дар оянда низ фаъолияти пурсамари хешро оид ба ҷалби бештари сайёҳии хориҷӣ давом дода, дар рушди минбаъдаи иқтисодиёти миллӣ саҳм мегузорад», гуфт дар хотима Абдукарим Қурбонзода.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ








Дар Давлати Қатар Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд
Таҳти унвони «Робиаи Балхӣ — нахустбонуи соҳибдевони адабиёти тоҷику форс» конференсияи байналмилалӣ баргузор мешавад
Фаъолияти инноватсионӣ-методии китобхонаҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна муқаррар намудааст?
«ҶАВОНОН — ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ». Таҳти ин унвон дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои рассомони ҷавон оғоз шуд
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба Тоҷикистон 1 миллиону 784 ҳазор сайёҳ ворид гардид
ПАЁМЕ, КИ НАВИДИ ПИРӮЗИҲОСТ. Иҷрои дастурҳои он роҳнамои миллати тоҷик барои фатҳи қуллаҳои нави армонҳои миллӣ аст
Донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» соҳиби се Шоҳҷоиза шуданд
Чойхонаи тоҷикии «Шоми Ваҳдат» фарҳанги миллати тоҷикро дар шаҳри Краснодар муаррифӣ менамояд
Рушди ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Британияи Кабир баррасӣ гардид
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Маркази машваратӣ-равоншиносӣ таъсис дода шуд






