Тоҷикистон ва Чин раванди татбиқи лоиҳаҳои муштаракро дар Хатлон баррасӣ намуданд

Август 30, 2022 08:11

ДУШАНБЕ, 30.08.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи Форуми  байналмилалии иқтисодии «Кӯлоб-2022» мулоқоти Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо Сафири Чин дар Тоҷикистон Тзи Шумин баргузор гардид, ки зимни он  раванди татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар вилояти Хатлон ва дурнамои ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангӣ баррасӣ гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.

Қурбон Ҳакимзода зикр намуд, ки миёни Тоҷикистон ва Чин аз қадим муносибатҳои анъанавии дӯстона роҳандозӣ шудаанд, ки ҳанӯз аз замони Роҳи бузурги абрешим сарчашма мегиранд.

«Бо дарназардошти он ки Тоҷикистон Чинро ҳампаймони боэътимод, шарики иқтисодӣ, дӯст ва ҳамсояи нек меҳисобад, мо мекӯшем, ки дар доираи созишномаҳои аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Сӣ Ҷинпин имзошуда ҳамкории иқтисодию иҷтимоиро вусъат бахшем. Дар натиҷаи равобити хуби ҷонибҳо тайи солҳои охир ҳайатҳои ҳарду кишвар ба минтақаҳои ҳамдигар сафари корӣ анҷом дода, бо мақомоти давлатӣ ва доираҳои тиҷоратӣ перомуни рушди ҳамкорӣ табодули назар ва таҷриба сурат гирифт»,-иброз дошт Раиси вилояти Хатлон.

Таъкид гардид, ки вилояти Хатлон бо минтақаҳо ва ширкатҳои мухталифи Чин ҳамкории самаранок ба роҳ мондааст. Бо ҷалби сармояи чинӣ дар ноҳияи Ёвон ду корхонаи истеҳсоли семент- «Хуаксин Ғаюр семент» ва «Ҷунгтай Моҳир семент» бо иқтидори истеҳсолии 1,2 миллион тонна фаъолият мекунанд. Инчунин дар ҳамкорӣ бо сармоягузорони чинӣ хати интиқоли барқи «Лолазор» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки барои транзити неруи барқи Тоҷикистон ба мамлакатҳои дигар муҳим аст.

Аз ҷониби ширкатҳои чинӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ва ҳудуди ноҳияи Данғара низ корхонаҳои истеҳсолию саноатӣ бунёд гардидаанд. Ширкатҳои кишоварзии Чин имрӯзҳо дар ҳамкорӣ бо мутахассисони хатлонӣ дар ноҳияҳои Ёвон, Данғара, Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Дӯстӣ фаъолияти пурсамар дошта, саҳми худро дар таъмини амнияти озуқавории вилоят гузошта истодаанд.

Дар натиҷаи густариши равобити вилояти Хатлон бо минтақаҳои Чин сол аз сол ҳаҷми мубодилаи молу маҳсулот афзоиш меёбад. 34,2%-и сармояи хориҷии ба вилояти Хатлон воридгардида ба Чин рост меояд.

Тзи Шумин аз сатҳи баланди ташкили  Форуми байналмилалии иқтисодӣ дар Кӯлоб ситоиш карда, онро майдони мусоиди табдили таҷрибаи соҳибкорон, муаррифии тавонмандиҳои Хатлонзамин ҳисобид.

Сафири Чин доир ба раванди иҷрои лоиҳаҳои муштарак сухан гуфта, афзуд, ки «кишвараш на фақат ба тавсеаи равобити анъанавӣ, ҳамчунин ба баррасии мавзӯъҳои нави ҳамкорӣ дар самти иқтисодиёти рақамӣ, технологияҳои муосири истеҳсолӣ, ташкили таҷрибаомӯзии мутахассисони корхонаҳои саноатӣ ва саноати кӯҳкорӣ низ алоқаманд аст».

Қобили зикр аст, ки миёни вилояти Хатлон ва музофоти Шэнсии Чин Протокол «Дар бораи нияти рушди муносибатҳои бародарона» (соли 2015) ва Меморандум дар бораи барқарорсозии муносибатҳои бародарона (4 сентябри соли 2017) ба имзо расидаанд. Шаҳри Вэйнани музофоти Шэнсӣ ва ноҳияи Данғараи Тоҷикистон бародаршаҳр мебошанд.

Чин калонтарин сармоягузор ва шарики тиҷоратии Точикистон ба шумор меравад. Робитаҳои Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи иқтисод дар асоси ҳамсоягии наздики кишварҳо, инчунин  мавҷуд будани иқтидори муайяни захираҳои табиӣ ва транзитӣ рушд меёбад.

Қурбон Ҳакимзода ва Тзи Шумин ҳамчунин доир ба масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла боғпарварӣ, ташкили маркази таҷрибаомӯзӣ, баланд бардоштани дараҷаи тахассусии кормандони соҳаи хоҷагии қишлоқ ва ба роҳ мондани муносибатҳои дуҷонибаи судманд миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва музофотҳои Чин табодули назар карданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Август 30, 2022 08:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид