«Туту.ру»: Тоҷикистон ба панҷгонаи маъруфтарин кишварҳои мавсими махмалин барои русиягиҳо шомил гардид
ДУШАНБЕ, 12.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Русиягиҳо гузаронидани мавсими махмалинро дар Тоҷикистон беҳтар медонанд: кишвари мо аз 1 сентябр то 15 октябр ба раддабандии 5 мавзеи маъмултарин барои сайёҳони русиягӣ шомил гардид. Дар ин бора аз ҳисоботи маркази таҳлилии хадамоти сафар ва сайёҳии Tutu.ru, ки АМИТ «Ховар» бо натиҷаҳои он шинос гардид, бармеояд.
Дар мавсими махмалин талабот ба чиптаҳо ба самти Туркия, Арманистон, Узбекистон ва Қирғизистон низ зиёд мешавад.
Дар оғози тирамоҳ аз рӯйи шумораи банд карда гирифтани ҷойҳо Туркия пешсаф аст. Ба ин давлат 16 фоизи тамоми чиптаҳои ҳавоии бақайдгирифта рост меояд. Нархи миёнаи чиптаи якҷониба 24,4 ҳазор рублро ташкил медиҳад.
Мақоми дуюмро Узбекистон касб намуд, ки ба ин кишвар 14 фисади муштариёни ин хадамоти хизматрасонӣ сафар карданиянд. Арзиши чиптаҳо 12,4 ҳазор рублро ташкил медиҳад. Ба сегонаи беҳтаринҳо Арманистон низ дохил мешавад, ки нархи чиптаи ҳавоӣ ба 11,2 ҳазор рубл баробар аст.
Илова бар ин, дар мавсими махмалин ба чиптаҳо ҷониби Тоҷикистон (8,4 ҳазор), Қирғизистон (9,2 ҳазор рубл), Озарбойҷон (13,9 ҳазор) ва Қазоқистон (13,2 ҳазор) низ талабот зиёд аст. Ба 10 кишвари беҳтарин Беларус, Гурҷистон ва Аморати Муттаҳидаи Араб шомил гардидаанд.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» маълум намуд, ки чаро дар Русия давраи аз аввалҳои моҳи сентябр то нимаи моҳи октябрро нисбат ба сафар ба баҳр дар моҳҳои тобистон «мавсими махмалин» ё «ашрофона» меҳисобанд.
Маълум мешавад, ки ибораи «мавсими махмалин» дар Русияи подшоҳӣ, дар охири садаи 19 ва ибтидои асри 20 пайдо шудааст. Он дар робита ба мӯд миёни ашрофзодаҳо барои истироҳат дар Қрим ба вуҷуд омадааст, ки онҳо ба онҷо бо либосҳои абрешимӣ ва махмалӣ меомаданд. Мавсими бештар мусоид барои истироҳат дар осоишгоҳҳоро ин гуна унвон менамуданд. Дар ҷойҳои дорои иқлими субтропикӣ, аз ҷумла дар соҳили Баҳри Сиёҳи Русия ин мавсим ба моҳи сентябр ва қисман моҳи октябр рост меояд. Дар мавсими махмалӣ ҳаво ҳанӯз хеле гарм аст, аммо на гарми сӯзон ба мисли моҳи июл ва ҳарорати об дар баҳр тақрибан ба ҳарорати ҳаво баробар аст.
Илова бар ин, ин мавсими меваву сабзавот аст. Дар куҷо боз метавон меваю сабзавоти тару тозаро ба ҷуз аз Тоҷикистон ва дар моҳи сентябр дастрас кард?
Мавсими махмалин барои истироҳат дар баҳр дар моҳи сентябр имконияти олист. Дар ҳар гӯшаи ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон ҷойҳои истироҳати бофароғат хеле зиёданд. Ҳавои ин ҷо ба худ хос буда, тобистон гарм аст. Аммо аз моҳи сентябр то нимаи моҳи октябр ҳарорат паст мешавад. Ҳарорати обу ҳаво хеле мусоид мешавад. Зиёда аз ин, дар ин давра тамоми муолиҷа дар осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо натиҷаи мусбат медиҳад. Барои онҳое, ки мушкилоти саломатӣ доранд, мавсими махмалин беҳтарин вақти табобат аст. Дар мавриди фароғат: дар ин давра аквапаркҳо, марказҳои дилхушӣ ва иҷораи нақлиёти обӣ дар Душанбе, Хуҷанд, Қайроққум, Норак ва ВМКБ фаъолияти худро ҳамвора идома медиҳанд.
ДАР АКС: обанбори Норак. Акс www.alaya-travels.ru








РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад






