БА ИСТИҚБОЛИ 31-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Файзобод 3 муассисаи таълимӣ ба истифода дода мешаванд
ФАЙЗОБОД, 06.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Файзобод ба шарафи ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ бинои асосии муассисаи таълимии №42 барои 300 нафар дар ду баст дар деҳаи Навбаҳори Ҷамоати деҳоти Дустмурод Алиев, бинои асосии муассисаи таълимии №58 барои 300 нафар дар ду баст дар деҳаи Бини Сумчи Ҷамоати деҳоти Чашмасор ва ду синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таълимии №4 барои 50 нафар мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд, иттилоъ медиҳад хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД.
Муассисаҳои таълимӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва саҳми сокинону соҳибкорони деҳаҳои мазкур сохта шудаанд. Мушкилоти асосӣ дар ин деҳаҳо нарасидани ҷойи нишаст ва муҳайё набудани шароити таҳсил буд, ки хушбахтона, бо дастгирии Раиси ноҳия Бобишо Холзода ва саҳми сокинон ин мушкилӣ пурра бартараф гардид.
Дар ноҳияи Файзобод бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ин ҷашни таърихӣ 9 иншоот, аз қабили коргоҳи истеҳсоли чӯбу тахта, маркази саломатӣ дар деҳаи Себистон, бунгоҳи тиббӣ, осиёб ва марказҳои хизматрасонӣ ба истифода дода мешаванд.
Мувофиқи нақшаи корҳои ободонӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ, дар ноҳия сохтмони беш аз 100 иншооти таъйиноташон гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки қисме аз онҳо мавриди истифода қарор гирифтаанд. Аз ин иншоот ба соҳаи маориф 11 адад, фарҳанг- 2 адад, тандурустӣ- 5 адад, варзиш- 3 адад ва саноат- 7 адад рост меояд.
Инчунин корҳои бунёду навсозии марказҳои хизматрасонӣ, биноҳои баландошёна, роҳҳои маҳаллӣ ва гузарондани хатҳои оби ошомиданӣ дар маркази ноҳия ва ҷамоатҳои деҳот ҷараён доранд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод










35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Суғд корҳои созандагию ободонӣ вусъат меёбанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Истаравшан бунёди иншооти соҳаи маориф идома дорад
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» баргузор мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди корхонаҳои хурду бузург дар Панҷакент ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ зиёд мешавад
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Алишер Назаров Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар шаҳри Ҳисорро соҳиб шуд
Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд






