БА ИСТИҚБОЛИ 31-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Норак бинои Маркази адлия ба истифода дода мешавад
НОРАК, 01.09.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар остонаи таҷлили 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Норак бинои Маркази адлия мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Бинои мазкур аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар ошёнаҳои алоҳидаи он барои кормандони Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, Нотариуси давлатӣ, Ёрии ҳуқуқии ройгон ба шаҳрвандон ва Муассисаи ислоҳии ЯС 318-и Вазорати адлия шароити кории мувофиқ муҳайё карда шудааст.
Мудири бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Норак Сарвиноз Саидмуродзода ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД иброз дошт, ки “мо, кормандон хурсанд аз онем, ки бо дастгириву ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи яке аз бузургтарин ҷашнҳои миллӣ- Истиқлолияти давлатӣ соҳиби бинои замонавӣ мегардем. Минбаъд мо метавонем никоҳи навхонадоронро дар толори замонавии акди никоҳи муассиса расман ба қайд гирем. Утоқҳои кории мутахассисон бо беҳтарин таҷҳизоту дастгоҳҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гардида, шаҳрвандон метавонанд ба шакли электронӣ кори мутахассисонро баҳогузорӣ кунанд”.
Аз сабаби он ки Норак шаҳри сайёҳӣ ба ҳисоб меравад, дар ошёнаи чоруми бино меҳмонхонаи замонавӣ ташкил карда шудааст. Он аз ҳуҷраҳои алоҳида иборат буда, барои меҳмонон беҳтарин шароити корӣ муҳайё карда шудааст.
Мудири бахши меъморию шаҳрсозии шаҳри Норак Шамшод Ҳамидов гуфт, ки ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Норак аз ҳисоби соҳибкорону сокинон ва мақомоти давлатӣ бунёди 180 иншооти таъйиноташон гуногун ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз 7 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар 120 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ идома доранд.
Тибқи нақшаи чорабиниҳои ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Норак биноҳои Маркази адлия, корхонаҳои истеҳсоли микросемент ва маҳсулоти сохтмонӣ, майдончаи бозии кӯдакон, меҳмонхонаи сарироҳӣ ва терминали мусофирбари шаҳр, ки таҷдид гардид, ба истифода дода мешаванд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Алишер Назаров Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар шаҳри Ҳисорро соҳиб шуд
Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад






