Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Бадахшон бунёди 876 иншоот ба нақша гирифта шудааст

Сентябрь 14, 2022 10:30

 ДУШАНБЕ, 14.09.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон бахшида ба  ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз ҳисоби сарчашмаҳои гуногуни маблағгузорӣ сохтмони 876 иншооти таъйиноташон гуногун  ба нақша гирифта шудааст, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ.

Ҳоло дар миқёси вилоят аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ, бинои таълимии Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи профессор Моёншо Назаршоев, бинои 12-ошёнаи хонаҳои истиқоматӣ дар шаҳри Хоруғ, ду блоки биноҳои истиқоматӣ ва бинои Беморхонаи марказӣ дар ноҳияи Роштқалъа, майдони варзишӣ барои 4000 ҷои нишаст дар ноҳияи Ишкошим, бинои кӯдакистон барои 200 нафар ва бинои комплекси хизмати маишӣ дар ноҳияи Ванҷ идома дошта, аксарашон имсол ва боқимонда соли оянда ба истифода дода мешаванд.

Айни замон дар вилоят  сохтмони таваллудхонаи  вилоятӣ, табобатхонаи бемориҳои сил, бунёди 20 бунгоҳи тиббӣ дар деҳот ва дигар иншоотҳои соҳаи тандурустӣ идома доранд.

Ҳамзамон аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  бунёди биноҳои нави беморхонаи марказии вилоятӣ, корпуси дуюми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 8, биноҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 4 ва 6 дар шаҳри Хоруғ ба нақша гирифта шуда, дар шаҳр имсол 2 километр роҳ чароғон ва 6 километри дигар мумфарш карда мешавад.


Дар маркази ноҳияи Роштқалъа лоиҳакашии сохтмони бинои Қасри фарҳанг аз тарафи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида,  ҳамчунин  бунёди варзишгоҳ дар маркази ноҳияи Рӯшон соли 2023 идома меёбад.

Сохтмони бинои хонаҳои истиқоматӣ барои хизматчиёни давлатӣ дар ноҳияи Шуғнон ва Боғи фарҳангиву фароғатӣ дар ноҳияи Ванҷ аз ибтидои соли оянда оғоз мегардад. Дар ноҳияи Дарвоз аз ин ҳисоб сохтмони бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва толори варзишӣ дар деҳоти «Сағирдашт» мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.

  АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 14, 2022 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди корхонаҳои хурду бузург дар Панҷакент ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ зиёд мешавад
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Алишер Назаров Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар шаҳри Ҳисорро соҳиб шуд
Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад