Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд

Октябрь 8, 2026 08:26

ДУШАНБЕ, 08.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, ки аз 4 то 5 октябр доир гардид, дар шаҳри Кӯлоб Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 баъди таъмиру навсозии пурра ба истифода дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад.

Муассисаи таълимӣ дар маҳаллаи Р. Солеҳоваи шаҳри Кӯлоб ҷойгир буда, барои ба таҳсил фаро гирифтани 1280 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 дар доираи корҳои навсозӣ пурра таъмир ва бо таҷҳизоти зарурию шароити муосири таълиму тарбия муҷаҳҳаз карда шуд. Фармоишгари корҳои навсозӣ Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои анҷом додани корҳои таъмиру навсозӣ 12 миллион сомонӣ маблағ равона гардид.

Муассисаи таълимӣ бо назардошти талаботи муосири соҳаи маориф навсозӣ гардида, дар он барои хонандагон шароити мусоиди таҳсил фароҳам оварда шудааст. Таҷҳизонидани синфхонаҳо ва фароҳам овардани муҳити муносиб барои таълиму тарбия ба баланд гардидани сифати таҳсил ва беҳтар шудани шароити фаъолияти омӯзгорон мусоидат менамояд.

Дар айни замон дар муассиса 110 омӯзгор ба таълиму тарбияи хонандагон машғул мебошанд.

Фароҳам овардани шароити арзандаи таҳсил барои насли наврас ва беҳтар намудани муҳити таълиму тарбия аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии мамлакат ба ҳисоб рафта, бозсозии муассисаи таълимӣ барои хонандагон ва омӯзгорон туҳфаи арзишманд ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Рушди соҳаи маориф, бунёду навсозии муассисаҳои таълимӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил барои хонандагон дар меҳвари таваҷҷуҳи доимии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

 

 

Октябрь 8, 2026 08:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд