Дар ноҳияи Восеъ иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
ДУШАНБЕ, 07.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ки аз 4 то 5 октябр доир гардид, дар ноҳияи Восеъ иншооти таъйиноти гуногун мавриди истифода қарор гирифтанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад.
Марҳилаи дуюми корхонаи коркарди намаки Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Хоҷа-Муъмин» мавриди истифода қарор дода шуд. Иншооти нави истеҳсолӣ аз ҳисоби маблағҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Хоҷа-Муъмин» бунёд гардида, ба татбиқи лоиҳа дар маҷмуъ 7,1 миллион сомонӣ маблағ равона шудааст.
Дар доираи марҳилаи дуюми рушди корхона дар ҳудуди он коргоҳи нави коркарди намаки аълосифат бо иқтидори истеҳсолии то 5 тонна намак дар як соат бунёд гардид. Коргоҳи мазкур дар 1125 метри мураббаъ бо назардошти бинои анбор сохта шуда, бо таҷҳизоти муосири истеҳсолӣ таъмин мебошад.
Барои муҷаҳҳаз намудани коргоҳи нав тақрибан 400 ҳазор доллари амрикоӣ маблағ сарф гардида, таҷҳизоти зарурӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид карда шуд. Технологияи муосир имконият фароҳам меорад, ки коркарди намак бо сифати баланд ва мутобиқ ба талаботи бозори муосир амалӣ шавад. Қисми дигари маблағ — тақрибан 370 ҳазор доллари амрикоӣ ба сохтмони бинои иншооти асосӣ ва ёрирасон, инчунин харид ва насби қисмҳои механизмҳои зарурӣ равона гардидааст.
Ба истифода додани коргоҳи нави истеҳсолӣ барои рушди иқтидори истеҳсолии корхона, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва истифодаи самараноки захираҳои маҳаллӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Дар коргоҳ 26 сокини маҳаллӣ дар ду баст ба кор ҷалб гардидаанд. Ин иқдом дар баробари рушди истеҳсолот барои беҳтар гардидани сатҳи шуғли аҳолӣ ва баланд бардоштани имконияти иқтисодии сокинони маҳаллӣ низ аҳаммияти муҳим дорад.
Ҳамзамон дар деҳоти Кадучии ноҳияи Восеъ маркази нави саломатӣ бунёд гардида, ба истифода дода шуд. Маркази нави саломатӣ бо ташаббус ва саҳми соҳибкори маҳаллӣ бунёд гардида, ба рушди инфрасохтори иҷтимоӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагии сокинони деҳот равона гардидааст. Муассисаи тиббӣ аз 8 ҳуҷраи махсус иборат буда, дар он барои қабули беморон ва расонидани хизмати гуногуни тиббӣ шароити зарурӣ фароҳам овардааст. Ҳуҷраҳои тиббӣ бо таҷҳизот ва ашёи муосири тиббӣ таъмин гардида, дар онҳо барои фаъолияти пурсамари кормандони соҳаи тандурустӣ ва қабули босифати беморон имконияти зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Маркази нави саломатӣ барои сокинони деҳоти Кадучӣ дастрасии бештар ба хизматрасонии тиббиро таъмин намуда, имконият медиҳад, ки шаҳрвандон дар маҳалли зисташон аз муоина ва ёрии аввалини тиббӣ бархурдор гарданд. Муҳайё гардидани шароити муносиб барои фаъолияти табибон ва кормандони тиб ба баланд гардидани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ мусоидат хоҳад кард.
Инчунин дар ноҳияи Восеъ майдончаи варзишӣ мавриди истифода дода шуд. Майдони нави варзишӣ барои машқу тамрин ва баргузории мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ пешбинӣ гардида, барои сокинони ноҳия, ба хусус наврасону ҷавонон имконияти мусоид фароҳам меорад. Бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтани чунин иншоот ба рушди тарзи ҳаёти солим, ҷалби бештари ҷавонон ба варзиш ва дарёфти истеъдодҳои нави варзишӣ мусоидат менамояд.
Инчунин дар Ҷамоати деҳоти ба номи Х. Раҷабови ноҳия толори нави варзишии замонавӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Клуби варзишии «Толибҷон» дорои тамоми шароити зарурӣ барои тамрин ва омодагӣ ба мусобиқаҳо буда, имконият фароҳам меорад, ки наврасону ҷавонони деҳаи Осмонбика дар наздикии маҳали зист ба варзиш машғул шаванд. Иншооти мазкур бо ташаббус ва маблағгузории соҳибкори маҳаллӣ Собир Қодирзода бунёд гардида, ба сохтмони он дар маҷмуъ 2 миллион сомонӣ равона шудааст.
Толори варзишӣ аз ду ошёна иборат буда, дар ошёнаи якуми бино толори муҷаҳҳази тренажёрӣ ҷойгир аст. Ошёнаи дуюм барои машқу тамрини намудҳои варзиши гӯштин ва бокс пешбинӣ шудааст. Бунёд ва ба истифода додани иншооти варзишӣ дар деҳот дар баробари рушди инфрасохтори соҳаи варзиш барои таҳкими тарзи ҳаёти солим, тарбияи ҷисмонии наврасону ҷавонон ва пайдо намудани истеъдодҳои нави варзишӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ҳамчунин дар деҳаи Ниҳолпарвари Ҷамоати деҳоти ба номи Х. Раҷабови ноҳия ду ҳавзи шиноварӣ ба истифода дода шуд. Иншоот бо иқдоми соҳибкори ватанӣ Содиқҷон Набиев бунёд гардида, ба татбиқи он дар маҷмуъ 1,5 миллион сомонӣ маблағ равона шудааст. Ҳавзҳои шиноварии навбунёд бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои машғул шудан ба варзиш, обутоби ҷисмонӣ ва истироҳату фароғати солими сокинон, ба хусус наврасону ҷавонон сохта шудаанд.
Бояд гуфт, ки таваҷҷуҳи пайваста ба рушди соҳаи варзиш ва фароҳам овардани шароити муносиб барои солимии ҷомеа яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд






