Бонки умумиҷаҳонӣ хазинаи нави мубориза бо пандемия таъсис дод
ДУШАНБЕ, 12.09.2022 /АМИТТ «Ховар»/. Бонки умумиҷаҳонӣ бо роҳнамоии техникии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ барои бартарафнамоии пандемия, таъмини омодабошӣ ва вокуниш ба он хазинаи нави миёнаравии молиявӣ таъсис дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба АБИ «Казинформ».
Хазинаи нави миёнаравии молиявии Бонки ҷаҳонӣ (FIF) барои бартарафнамоӣ, таъмини омодагӣ ва вокуниш ба пандемия аз ҷониби Шӯрои мудирони хазина дар ҷаласаи нахустини он 8-9 сентябри соли 2022 расман таъсис ёфт.
Тавре дар Бонки умумиҷаҳонӣ маълум карданд, хазина ҷараёни мақсадноки маблағгузории иловагии дарозмуддатро барои таҳкими тавонмандӣ ҷиҳати мубориза бо пандемия дар кишварҳое, ки дар онҳо даромади паст ва миёна дида мешавад, таъмин менамояд.
Дар баробари ин, хазинаи молиявӣ ба бартарафнамоии камбудиҳои муҳими ҷойдошта тавассути сармоягузорӣ ва дастгирии техникӣ дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ нигаронида шудааст.
Аввалин озмунҳои пешниҳодҳо дар доираи маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ моҳи ноябри соли 2022 кушода мешаванд.
«COVID-19 зарурати ҳатмии амалӣ сохтани низомҳои қавитари тандурустиро ба миён гузошт»,- чунин мешуморад президенти Гурӯҳи Бонки умумиҷаҳонӣ Дэвид Малпасс.
«Сармоягузорӣ ҳоло ҳаёт ва сарчашмаҳоро барои солҳои оянда наҷот хоҳад дод. Мо аз дастгирии густурдаи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ин хазинаи нави миёнаравии молиявии бисёрҷонибаи Бонки умумиҷаҳонӣ, ки барои кумак ба кишварҳо ва минтақаҳои дорои даромади паст ва миёна, инчунин барои беҳтар омодагӣ дидан ба буҳронҳои ҷаҳонии тандурустӣ пешбинӣ шудааст, истиқбол мекунем ва аз он хушнудем, ки мо тавонистем оҷилан баҳри таъсис додани ин хазина амал кунем»,-иброз намуд Д.Малпасс.
«Пандемияи COVID-19 барои ҷомеаи ҷаҳонӣ зарбаи такондиҳанда маҳсуб меёбад, аммо мо ҳамчунин медонем, ки пандемияи навбатӣ масъалаи вақт аст, на ин ки «агар»,- гуфт директори генералии ТУТ Тедрос Адханом Гебрейюс. «Ранҷу талафоте, ки ҳамаи мо аз сар гузаронидем, беҳуда хоҳад буд, агар мо аз COVID-19 дарс нагирем ва барои аз байн бурдани камбудиҳои муҳими ҷойдошта дар ҳифзи ҷаҳон аз эпидемияҳо ва пандемия тадбирҳо наандешем. Хазинаи Бонки ҷаҳонӣ яке аз чунин чораҳои калидист ва ТУТ умедвор аст, ки нақши роҳбарии техникии худро дар шӯрои машваратии хазина, ки ба беҳтар кардани сармоягузорӣ ба соҳаи тандурустӣ, бахусус дар кишварҳои дорои даромади паст ва миёна равона шудааст, ба хубӣ иҷро кунад»,-чунин мешуморад роҳбари ТУТ.
Хазинаи миёнаравии молиявии Бонки умумиҷаҳонӣ бо дастгирии васеи аъзои «Бистгонаи бузург» ва берун аз он таҳия шудааст. Аллакай уҳдадориҳои молиявии он, ки беш аз 1,4 миллиард долларро ташкил медиҳад, эълон гашта, дар моҳҳои оянда воридоти бештар дар назар дошта шудааст.
Ҳоло уҳдадориҳои молиявӣ аз ҷониби Австралия, Канада, Чин, Комиссияи Аврупо, Фаронса, Олмон, Ҳиндустон, Индонезия, Италия, Ҷопон, Ҷумҳурии Корея, Зеландияи Нав, Норвегия, Сингапур, Африқои Ҷанубӣ, Испания, Аморати Муттаҳидаи Араб, Британияи Кабир, ИМА, Бунёди Билл ва Мелинда Гейтс, Бунёди Рокфеллер ва Wellcome Trust бар дӯш гирифта шудаанд.
АКС аз манбаъҳои боз








Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷиро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд






