ЧАРО САР ДАРД МЕКУНАД? Хуруҷи бемориҳои музмин дар фасли тирамоҳ ба тағйирёбии вазъи ҳаво вобаста аст

Сентябрь 14, 2022 12:58

ДУШАНБЕ, 14.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Сабабҳои асосии хуруҷи бемориҳои музмин дар фасли тирамоҳ ба тағйирёбии боду ҳаво вобаста буда, дар ин ҳолат ин гуна беморон бештар ба дарди сар гирифтор мешаванд. Ин матлабро табиби асабшинос Фаридун Абдуллоев зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» баён дошт.

Фаридун Абдуллоев тавсия медиҳад, ки «дар ин давра одамон бояд бештар дар ҳавои тоза сайру гашт намоянд, чунки нарасидани оксиген яке аз омилҳои асосии дарди сар ба ҳисоб меравад. Ҳангоми иҷрои кор бояд давра ба давра танаффус карда, худро ором намоянд, тирезаҳои хона ё идораҳоро кушода монанд, то ҳаво иваз шавад. Нӯшидани на камтар аз 1,5 литр об дар як рӯз, маҳдудияти нӯшидани чой ва қаҳва, даст кашидан аз тамокукашӣ ва истеъмоли машруботи алкоголӣ ҳатмӣ мебошад. Инчунин дар як шабонарӯз инсон бояд аз 7 то 8 соат хоб равад. Ба изтироб дода нашуда, худро аз ҳолатҳои ҳаяҷони сахт (стресс) бояд канор гирифт. Зарур аст, ки бештар ғизоҳои камнамак истеъмол карда шавад».

Ба гуфтаи табиб, дигаршавии боду ҳаво ба вазъи саломатии одамони синну соли гуногун бетаъсир набуда, баръакс дар ивазшавии бофтаҳои бунияи инсон ва фаъолияти муназзами онҳо таъсири гуногун мерасонад. Дар ин шабу рӯз ба мо беморони зиёде бинобар пайдо шудани дарди сар муроҷиат мекунанд, ки аксаран дарди сари онҳо ба аломатҳои бемориҳои дигари организм вобаста мебошад.

Ба гуфти табиби асабшинос, дарди сар асосан дар мавзеи сару атрофи он пайдо шуда, ҳолати психофизиологии инсонро тасвир намуда, бо таъсири ангезандаҳои пурзӯру зараррасон ба вуҷуд меояд. Агар дарди сар мунтазам такрор ёбад, ҳатман ба асабшинос (невролог) ё духтури оилавӣ муроҷиат кардан зарур аст.

Дарди сар органикӣ ва ғайриорганикӣ мешавад, инчунин мигрен, сарборӣ, дарди сари кластерӣ ё гистаминӣ мавҷуданд, ки ба онҳо невралгияи асаби сегона ва асаби паси сар низ дохил мешаванд. Аломатҳои дигари дарди сар осеби сар, ҷараёнҳои омосӣ, остеохондрози қисми гардан, дистонияи вегетативӣ, бемории фишорбаландӣ, камхунӣ, бемориҳои занона ва ғайра мебошанд.

Фаридун Абдуллоев иброз намуд, ки «агар дар инсон асабонияти тез, хиратабъӣ, беҳолӣ, хоболудӣ, торикшавии пеши чашмон, баъзан халалдоршавии ҳиссиёт, ба мисли карахтшавӣ ва сихзании як тарафи рӯй, дарди нимсара мушоҳида шаванд, ин намуди аз ҳама паҳнгаштатарини дарди сар- дарди сари сарборӣ ё мигрен мебошад. Намудҳои дигари дарди сар ба омилҳои гуногуни узвҳои инсон рабти бештар доранд. Барои ташхиси дақиқи дарди сар гузаронидани муоинаҳои комплексӣ зарур аст».

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, барои ташхиси пурра анҷом додани муоинаҳои зерин лозим аст: томографияи компютерӣ, барои хурдсолон муоинаи ултрасадоии майнаи сар (УЗИ), рентгеногафияи косахонаи сар, элекроэнсефалография (ЭЭГ) ва озмоишҳои лабораторӣ.

«Пизишкон табобатро ба ҳар бемор бо назардошти сабабҳои беморӣ, ҷинс, синн ва хусусияти организми онҳо тавсия медиҳанд. Инчунин барои пешгирии дарди сар роҳу воситаҳои гуногун мавҷуданд, аз қабили иҷрои машқҳои варзишӣ- давидан, шиноварӣ, гимнастика ва ғайра, ки ба саломатии инсон фоидаи зиёд доранд»,- гуфт Фаридун Абдуллоев.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз ва муаллиф

Сентябрь 14, 2022 12:58

Хабарҳои дигари ин бахш

МУАЙЯННАМОИИ СОХТОРИ АМИҚИ ЗАМИН ДАР ЗЕРИ ТОҶИКИСТОН. Барои омӯзиши ксенолитҳо* дар Тоҷикистони Шарқӣ экспедитсия анҷом дода шуд
Раиси вилояти Суғд аз мактаби ба номи А. П. Чехов ва Мактаби президентӣ боздид намуд
БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Дар Донишгоҳи давлати Хоруғ озмоишгоҳҳои замонавӣ фаъолият менамоянд
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Имрӯз дар Душанбе маросими ҷоизасупории озмуни ҷумҳуриявӣ доир мегардад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Ин рамзи асосӣ ва муқаддаси давлати мо низ сисола шуд
Дар Душанбе ба шарафи Рӯзи Парчами давлатӣ конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид
ДАСТГИРИИ ДАВЛАТ. 13 нафар омӯзгорони ноҳияи Кӯшониён бо замини наздиҳавлигӣ таъмин гардиданд
«САРМОЯГУЗОРИИ ИБТИДОӢ БА ХОТИРИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН». Вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар Конференсияи ҷаҳонии ЮНЕСКО ширкат варзид
Дар Душанбе Мактаби химикҳои давлатҳои узви ИДМ баргузор мешавад
Дар Турсунзода бинои нави Коллеҷи тиббӣ мавриди истифода қарор гирифт
«ВОҚЕИЯТИ НАВ – РАСОНАҲОИ НАВ». Дар шаҳри Челябинск Форуми ҷавонони Россия ва Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Австрия ҳамоиши олимони соҳаи физикаи атмосфера ва сифати ҳаво баргузор мешавад