Дабири кулли СММ собиқ президенти Қирғизистон Роза Отунбоеваро намояндаи махсус оид ба Афғонистон таъйин кард

Сентябрь 7, 2022 12:15

ДУШАНБЕ, 07.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Собиқ президенти Қирғизистон Роза Отунбоева рӯзи шанбеи гузашта намояндаи махсуси Дабири кулли СММ ва роҳбари Намояндагии СММ дар Афғонистон таъйин шуд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора дафтари матбуоти ин созмони ҷаҳонӣ хабар дод.

«Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш имрӯз аз таъйини Роза Отунбоева аз Қирғизистон ба вазифаи намояндаи махсуси ӯ дар Афғонистон ва роҳбари Намояндагии СММ дар Афғонистон хабар дод», — омадааст дар иттилоияи созмон.

Дар ин мақом Отунбоева Дебора Лионсро, ки Дабири кулли СММ ба ӯ «барои хидматаш изҳори сипос кард», иваз намуд.

Дафтари матбуоти СММ таъкид кардааст, ки Отунбоева «дорои таҷрибаи 35-сола дар соҳаи идоракунӣ, дипломатия, фаъолии шаҳрвандӣ ва ҳамкории байналмилалӣ мебошад». Ӯ аз 3 июли соли 2010 то 1 декабри соли 2011 президенти Қирғизистон буд.

Роза Отунбоева 23 августи соли 1950 таваллуд шудааст. Мактаби шаҳри Ӯшро бо медали тилло ва факултаи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Москваро хатм кардааст. Дар ҶШС Қирғизистон вазифаҳои ҳизбӣ ва давлатиро ишғол карда, дар Вазорати корҳои хориҷии ИҶШС низ кор намудааст. Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ӯ дар Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон вазифаҳои дипломатиро бар уҳда дошт. Ҳамчунин дар вазифаи вазири корҳои хориҷии Қирғизистон ва дар СММ кор кардааст.

АКС аз бойгонӣ

Сентябрь 7, 2022 12:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид
Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд