Данғара мизбони Форуми минтақавӣ ва вохӯрии соҳибкорони вилояти Хатлон ва шаҳри Қунияи Туркия мегардад
ДУШАНБЕ, 02.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи таҳкими ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Туркия 4 сентябр ҳайати калони доираҳои тиҷоратию соҳибкории Туркия таҳти роҳбарии раиси Палатаи савдои Туркия ба Тоҷикистон ташриф меорад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад.
Ҳадафи сафари ҳайати Туркия ба Тоҷикистон баррасии масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар доираи ҷаласаи 11-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркия оид ба ҳамкории иқтисодӣ мебошад.
Ҳайати Туркия бо роҳбарону намояндагони вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ва Раиси шаҳри Кӯлоб мулоқот анҷом медиҳад. Инчунин дар Душанбе вохӯрии соҳибкор бо соҳибкор (В2В) баргузор мегардад.
Ҳамзамон дар ноҳияи Данғара бо иштироки соҳибкорони вилояти Хатлон ва шаҳри Қунияи Туркия форуми минтақавии дуҷониба баргузор гашта, соҳибкорони Туркия аз минтақаҳои озоди иқтисодии «Данғара» ва «Кӯлоб», шаҳри бостонии Кӯлоб, ки бо шаҳри Қунияи Туркия бародаршаҳр аст ва Осорхонаи Мавлоно дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ боздид менамоянд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»






