Дар Ҷамоати деҳоти Саразми Панҷакент корҳои ободонӣ ва сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ ҷараён доранд
ДУШАНБЕ, 14.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти Саразм бунёди бинои нави муассисаи таълимии деҳаи Бостондеҳ вусъат мегирад, ки раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода зимни сафари корӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонии он шинос гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ин шаҳр.
Бинои мазкур бо иқдому ташаббуси сокинони деҳа, дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бунёд шуда, ҳоло дар он корҳои охирини ороишӣ идома доранд.
Абдухолиқ Холиқзода ба ташаббускорони бунёди таълимгоҳ изҳори сипос намуда, ба роҳбарияти шуъбаи маорифи шаҳр ва Ҷамоати деҳоти Саразм дастур дод, ки ҳамаи корҳои омодагиро барои қабули хонандагон дар бинои нави таълимгоҳ дар муҳлати кӯтоҳ анҷом диҳанд.
Раиси шаҳри Панҷакент бо ҷараёни сохтмони 4 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 43 дар деҳаи Камар ва 12 синфхонаи иловагӣ дар назди мактаби деҳаи Абдусамад, ки таҳкурсиаш гузошта шудааст, шинос гардид.
Ба сарварони муассисаҳои таълимии ҳудуди ҷамоати деҳот ва роҳбарияти шуъбаи маорифи шаҳр супориш дода шуд, ки сӯзишвориро дар муассисаҳо мувофиқ ба меъёр захира карда, онҳоро ба фасли зимистон хуб омодагӣ бинанд.
Ҳамзамон Абдухолиқ Холиқзода дар Ҷамоати деҳоти Саразм аз заминҳои доманфарох, ки яке аз калонтарин минтақаҳои кишоварзии Панҷакент маҳсуб мешавад, боздид намуда, ба масъалаҳои истифодаи босамари ҳар қитъа замин, зиёд намудани боздеҳи он, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, рушди боғу токпарварӣ ва шоликорӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва шахсии сокинони ҷамоати деҳот, аз тариқи кандани чоҳҳои амудӣ беҳ намудан ҳолати мелиоративии заминҳои кишт таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ба масъулин ҷиҳати ҳалли мушкилоти мардум супоришҳои мушаххас дод. Ҳоло дар деҳаи Абдусамад кандани чоҳи амудӣ идома дорад.
Абдухолиқ Холиқзода ҳангоми боздид аз хоҷагиҳои деҳқонии ба номи Тӯраев, «Роҳи абрешим», ба номи Тайлонов раиси шаҳр бо ҷараёни кишти тирамоҳӣ ва ҷамъоварии ҳосили шолӣ ва дигар зироат шинос шуда, ба роҳбарони онҳо ва кишоварзон барои зиёд намудани истеҳсоли маҳсулот, ташкили гармхонаҳои нав ва истифодаи босамари онҳо дастур дод.


Зимнан, ҳоло аз ин ҷо ҳосили қаламфури булғориро барои фурӯш ба бозорҳои шаҳри Душанбе мефиристанд ва чунин имконият бо истифодаи босамари гармхонаҳое, ки аз ҷониби соҳибкорон дар ҳудуди ҷамоати деҳот сохта шудааст, дар фасли зимистону баҳор низ мавҷуд аст.
Хоҷагии намунавии ёрирасони «Ҳифзи табиат»-и бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр низ дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Саразм ҷойгир буда, баҳори соли равон дар масоҳати 7 гектар мавриди истифода қарор дода шуда буд. Ҳоло дар он 25 навъи ниҳолҳои ҷангалӣ ва ороишӣ, ки шуморааш ба 28400 бех мерасад, ҳайвоноту паранда парвариш карда мешаванд. Хоҷагӣ ба мавзеи тамошобоб табдил шудааст.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд






