Дар Ҷамоати деҳоти Саразми Панҷакент корҳои ободонӣ ва сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ ҷараён доранд

Сентябрь 14, 2022 09:45

ДУШАНБЕ, 14.09.2022 /АМИТ «Ховар»/.  Дар Ҷамоати деҳоти Саразм бунёди бинои нави муассисаи таълимии деҳаи Бостондеҳ вусъат мегирад, ки раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода зимни сафари корӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонии он шинос гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ин шаҳр.

Бинои мазкур бо иқдому ташаббуси сокинони деҳа, дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бунёд шуда, ҳоло дар он корҳои охирини ороишӣ идома доранд.

Абдухолиқ Холиқзода ба ташаббускорони бунёди таълимгоҳ изҳори сипос намуда, ба роҳбарияти шуъбаи маорифи шаҳр ва Ҷамоати деҳоти Саразм дастур дод, ки ҳамаи корҳои омодагиро барои қабули хонандагон дар бинои нави таълимгоҳ дар муҳлати кӯтоҳ анҷом диҳанд.

Раиси шаҳри  Панҷакент бо ҷараёни сохтмони 4 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 43 дар деҳаи Камар ва 12 синфхонаи иловагӣ дар назди мактаби деҳаи Абдусамад, ки таҳкурсиаш гузошта шудааст, шинос гардид.

Ба сарварони муассисаҳои таълимии ҳудуди ҷамоати деҳот ва роҳбарияти шуъбаи маорифи шаҳр супориш дода шуд, ки сӯзишвориро дар муассисаҳо мувофиқ ба меъёр захира карда, онҳоро ба фасли зимистон хуб омодагӣ бинанд.

Ҳамзамон Абдухолиқ Холиқзода дар Ҷамоати деҳоти Саразм аз заминҳои доманфарох, ки яке аз  калонтарин минтақаҳои кишоварзии Панҷакент маҳсуб мешавад, боздид намуда, ба масъалаҳои истифодаи босамари ҳар қитъа замин, зиёд намудани боздеҳи он, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, рушди боғу токпарварӣ ва шоликорӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва шахсии сокинони ҷамоати деҳот, аз тариқи кандани чоҳҳои амудӣ беҳ намудан ҳолати мелиоративии заминҳои кишт таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ба масъулин ҷиҳати ҳалли мушкилоти мардум супоришҳои мушаххас дод.  Ҳоло дар деҳаи Абдусамад кандани чоҳи амудӣ идома дорад.

Абдухолиқ Холиқзода ҳангоми боздид аз хоҷагиҳои деҳқонии ба номи Тӯраев, «Роҳи абрешим», ба номи Тайлонов раиси шаҳр бо ҷараёни кишти тирамоҳӣ ва ҷамъоварии ҳосили шолӣ ва дигар зироат шинос шуда, ба роҳбарони онҳо ва кишоварзон барои зиёд намудани истеҳсоли маҳсулот, ташкили гармхонаҳои нав ва истифодаи босамари онҳо дастур дод.


Зимнан, ҳоло аз ин ҷо ҳосили қаламфури булғориро барои фурӯш ба бозорҳои шаҳри Душанбе мефиристанд ва чунин имконият бо истифодаи босамари гармхонаҳое, ки аз ҷониби соҳибкорон дар ҳудуди ҷамоати деҳот сохта шудааст, дар фасли зимистону баҳор низ мавҷуд аст.

Хоҷагии намунавии ёрирасони «Ҳифзи табиат»-и бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр низ дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Саразм ҷойгир буда, баҳори соли равон дар масоҳати 7 гектар мавриди истифода қарор дода шуда буд. Ҳоло дар он 25 навъи ниҳолҳои ҷангалӣ ва ороишӣ, ки шуморааш ба 28400 бех мерасад, ҳайвоноту паранда парвариш карда мешаванд. Хоҷагӣ ба мавзеи тамошобоб табдил шудааст.

 АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

Сентябрь 14, 2022 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Истаравшан бунёди хонаҳои истиқоматии баландошёна бо марказҳои хизматрасонӣ ҷараён дорад
То 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистон дар Роштқалъа 205 иншооти гуногун ба истифода дода мешавад
БА ИФТИХОРИ НАВРӮЗ. Дар шаҳри Турсунзода 30 иншооти гуногун ба истифода дода шуд
АРМУҒОНИ НАВРӮЗӢ. Дар шаҳри Ҳисор бинои баландошёнаи истиқоматӣ ба истифода дода шуд
Дар арафаи Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Турсунзода иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
Шарҳи сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе
Сарвазири Тоҷикистон ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва ифтитоҳи иншооти нав ба ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Фархор сафар намуд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Восеъ бо ҳолати пойгоҳҳои обкашӣ ва ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Дар шаҳри Кӯлоб 165 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода мешаванд
БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара беш аз 100 иншооти таъйиноти гуногун бунёд, таъмир ва навсозӣ мешаванд
БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Ваҳдат 92 корхонаю коргоҳи саноатӣ ба истифода дода мешаванд