Дар Душанбе беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид

Сентябрь 9, 2022 13:55

ДУШАНБЕ, 09.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. 8 сентябр муовини Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Шерализода бо гурӯҳи Бонки умумиҷаҳонӣ оид ба тарҳрезии марҳилаи панҷуми Барномаи «Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ» (БРАМОМ-5) мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумрук.

Зимни мулоқот зикр шуд, имрӯз навсозии инфрасохтор ва муҷаҳҳазгардонӣ бо воситаҳои техникии назорати гумрукии дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ масъалаи мубрам мебошад.

Таъкид гардид, ки таъсис ва такмили ҷараёни ҳаракати нақлиёт ва содагардонии расмиёти савдо дар маҷмӯъ бидуни иштироки расмиёти гумрукӣ тасаввур кардан душвор аст. Аз ин лиҳоз, ворид намудани Хадамоти гумрук ба марҳилаи панҷуми Барномаи «Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ» ҷанбаи муҳими тарҳи умумии Лоиҳа мебошад.

Қобили зикр аст, ки имрӯз Хадамоти гумрук Лоиҳаи «Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Маркази»-ро дар доираи Созишномаи грантии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки умумиҷаҳонӣ, ки 17 майи соли 2021 ба имзо расидааст, амалӣ менамояд.

Лоиҳа ба навсозии системаи автоматикунонидашудаи гумрукӣ, таҳкими иқтидори институтсионалӣ ва захираҳои кадрӣ, ҳамчунин муҷаҳҳаз намудани гузаргоҳҳои сарҳадӣ бо воситаҳои техникии назорати гумрукӣ равона гардидааст.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ ишора намуда, ҷиҳати мушаххас намудани самтҳои афзалиятноки соҳа ва тарҳрезии барномаҳо дар самти фаъолияти гумрукӣ изҳори омодагӣ карданд.

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ

Сентябрь 9, 2022 13:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид