Дар Хатлон ҳамасола ҳавзҳои моҳӣ аз 40 то 50 гектар зиёд карда мешаванд

Сентябрь 15, 2022 15:55

ДУШАНБЕ, 15.06.2022. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи дурнамо, соли равон хоҷагиҳои моҳипарварии вилояти Хатлон бояд 4500 тонна моҳии хушсифат истеҳсол намоянд. То моҳи июли соли равон хоҷагиҳои мазкур 816,1 тонна моҳӣ истеҳсол кардаанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳафт моҳи соли гузашта 237 тонна зиёд мебошад. Ҳамасола дар ҳудуди вилоят аз 40 то 50 гектар ҳавзҳои моҳӣ зиёд шуда истодаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Ассотсиатсияи моҳипарварони вилояти Хатлон.

Тавре масъулин иброз доштанд, қабули «Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ» барои панҷ соли минбаъда ба хоҷагидорону соҳибкороне, ки майл ба соҳаи моҳипарварӣ доранд, имконияти хубе фароҳам овард. Онҳо аз имтиёзҳои фароҳамнамудаи Ҳукумати кишвар ба соҳаи мазкур ва дастгириҳои бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳавасманд шуда, ҷиҳати васеъ намудани майдони хоҷагиҳои моҳипарварӣ тадбирҳои зарурӣ меандешанд.

Феълан дар ҳудуди вилояти Хатлон 276 хоҷагии моҳипарварӣ фаъолият менамоянд, ки масоҳати ҳавзҳои онҳо дар маҷмӯъ 2703 гектарро дар бар мегирад. Соли равон дар ҳудуди вилоят 16 адад хоҷагиҳои моҳипарварии нав ташкил ёфтааст. Моҳипарварони вилоят мақсад доранд, ки аз ҳар гектар ҳавз ба миқдори 2 тонна моҳӣ истеҳсол намуда, бо ин роҳ дар баробари таъмини бозорҳои дохилӣ дар оянда содироти онро ба хориҷи кишвар низ ба роҳ монанд.

Бояд тазаккур дод, ки дар соҳаи моҳипарварӣ яке аз самтҳои асосии фаъолият бозтавлиди моҳичаҳо ба ҳисоб меравад. Дар айни замон дар кӯлу ҳавзҳои моҳипарварии вилояти Хатлон 3 миллиону 587 ҳазор кирминамоҳиҳои гуногун, аз қабили зағорамоҳӣ, амури сафед, пешонапаҳми сафед, карп ва карпи ялаққосӣ парвариш ёфта истодаанд, ки нашъунамои онҳо хуб мебошад. Ҳамчунин ҷиҳати таъмини моҳичаҳо ба дигар хоҷагиҳои моҳипарвар бо ибтикори Корпоратсияи «Моҳии тоҷик» дар ноҳияи Дӯстӣ бунёди корхонаи истеҳсоли моҳичаҳо бомаром идома дошта, дар ин корхона дастгоҳу таҷҳизоти муосир насб шуда, бозтавлиди моҳичаҳо роҳандозӣ мегардад. Иқтидори истеҳсолии ин корхона 10 миллион моҳича дар як сол буда, баъди якмоҳагӣ тибқи талабот онҳо ба дигар хоҷагиҳои моҳипарвар фиристода мешаванд.

Дар вилояти Хатлон бо мақсади барқарор кардани экосистемаҳои дарёҳо ҳамасола таҷрибаи ба обанборҳо сар додани моҳичаҳо амалӣ карда мешавад. Шурӯъ аз соли 2017 то инҷониб ба обанборҳои Норак, Бойғозӣ, Сангтӯда-1 ва Сангтӯда-2 ба миқдори 2 миллиону 125 ҳазор кирминамоҳӣ сар дода шудаанд, ки ин иқдом ҷиҳати афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти парҳезӣ ҳамасола ба роҳ монда мешавад.

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 15, 2022 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Бонки миллии Тоҷикистон ба «Mooр Стивенс» барои фаъолияти аудиторӣ иҷозатнома дод
Агентии авиатсияи гражданӣ барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» озмун эълон менамояд
Соли 2026 Душанбе мизбони Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид мегардад
Дар Тоҷикистон Кодекси энергетикӣ таҳия ва қабул карда мешавад
Дар корхонаи коркарди меваю сабзавоти «Насим»-и шаҳри Хоруғ 12 навъи ширинӣ аз тут истеҳсол карда мешавад
Дар Душанбе вобаста ба татбиқи Созишнома байни вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Федератсияи Русия конфронс баргузор гардид
Дар Душанбе татбиқи лоиҳаи «Мутобиқшавии ширхӯрон ба тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозор ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» амалӣ карда мешавад
Дар Шуғнон бинои нави пойгоҳи барфу гармосанҷӣ ба истифода дода шуд
Дар Мурғоб калонтарин неругоҳи офтобӣ ба истифода дода шуд
Бадахшон мизбони Форуми байналмилалии «Помир-инвест -2025» мегардад
Тавсеаи ҳамкории энергетикии Тоҷикистон ва Чин баррасӣ шуд