Дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҷлил гардид
ТУРСУНЗОДА, 06.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 6 сентябр дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода бахшида ба 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона доир гардид. Дар он намояндаи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ Ҷалолиддин Амиров, Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода Нурулло Ҳабибуллозода ва намояндаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар шаҳри Турсунзода, президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, академик Нуралӣ Асозода иштирок намуданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар коллеҷи мазкур.
Зикр шуд, ки «Истиқлолияти давлатӣ дар сарнавишти миллати тоҷик сароғози давлатдории навин ва бунёди ҷомеаи мутамаддин гардид. Дар натиҷаи соҳибистиқлолӣ кишвари мо миёни давлатҳои ҷаҳон мавқеи хоси худро пайдо намуда, миллати тоҷик бо азму иродаи қавӣ ба сӯйи ояндаи дурахшон қадам ниҳод».
Дар идома меҳмонон як зумра омӯзгорон ва кормандони муассисаҳои таълимиро бо мукофотҳои соҳавии «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Сипоснома»-и Мақомоти иҷроияи ҳакимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода сарфароз гардониданд.
Бояд гуфт, ки Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода» низ зодаи даврони соҳибистиқлолӣ буда, аз соли 2001 ин ҷониб дар зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ кадрҳои ихтисосманд омода менамояд. Дар айни ҳол дар муассиса 9 ихтисос амал карда, муҳассилини он аз рӯйи ихтисосҳои омӯзгори муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти ибтидоӣ, забон ва адабиёти тоҷик, забон ва адабиёти рус, омӯзгори забони англисӣ, математика, информатика, таърих ва биология соҳиби ҳуҷҷати намунаи давлатӣ мегарданд.
Маросими таҷлили ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар саҳни коллеҷи мазкур пас аз тармиму таҷдиди бинои муассиса дар таътили тобистона баргузор карда шуда, бо барномаи фарҳангӣ анҷом ёфт.
АКС: Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода










Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Алишер Назаров Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар шаҳри Ҳисорро соҳиб шуд
Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад






