Дар Москва бахшида ба 30-солагии барқарории муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Русия намоиши аксҳо доир гардид

Сентябрь 6, 2022 08:25

ДУШАНБЕ, 06.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. 5 сентябр дар бинои Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия намоишгоҳи аксҳо бахшида ба 30-солагии барқарорсозии муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Русия кушода шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Шоҳин Самадӣ аз Москва хабар дод.

Дар маросими ифтитоҳ роҳбарони ниҳодҳои сиёсати корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Русия Сергей Лавров ширкат намуданд.

Дар намоишгоҳ аксҳо ва ҳуҷҷатҳои нодир аз бойгонӣ, ки бозгӯкунандаи оғози ҳамкории ду кишвар буда, ба ташаккул ва рушди муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Русия замина гузоштаанд, ба намоиш гузошта шудаанд.Тавре қаблан хабар додем, 5 сентябр бо даъвати Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба муносибати 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатии ду кишвар ба Федератсияи  Русия сафари расмӣ анҷом дод.

Акс: ВКХ ҶТ

Сентябрь 6, 2022 08:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид