Дар Москва Рӯзи Истиқлолияти Тоҷикистон ва 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни ҶТ ва ФР таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 11.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия 9 сентябр Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русияро бо тантана ва шукӯҳи хосса таҷлил кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия хабар доданд.
Дар чорабинии тантанавӣ аъзои Шӯрои Федератсия, вакилони Думаи давлатӣ, аъзои Ҳукумати Федератсияи Русия, роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар намояндагони мақомоти давлатии Федератсияи Русия, сафирони кишварҳои хориҷӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма, аҳли илму фарҳанг, инчунин ҳамватанони муқими Русия иштирок намуданд.
Дар чорабинӣ ҳамчунин Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода, Вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи Тоҷикистон Саъди Қодирзода ва роҳбари ТАЛКО-Менеҷмент С. Ҷаборов ширкат варзиданд.


31 сол муқаддам Тоҷикистон ба истиқлолият ва соҳибихтиёрӣ ноил гардид ва имкон пайдо кард, ки роҳи минбаъдаи худро ба сӯи рушду шукуфоӣ мустақилона интихоб намояд. Инак, имрӯз Тоҷикистон бо қадамҳои устувор, зери ливои соҳибихтиёрӣ ва роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешрафт мекунад.
Сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зимни суханронии табрикотиаш зикр кард, ки ба даст овардани истиқлолият дар таърихи халқи тоҷик воқеаи сарнавиштсоз дар роҳи бунёди давлати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, демократӣ буда, ҳамзамон эҳёи анъанаҳои миллӣ ва пояҳои давлатдорӣ мебошад.
Бо ёдоварӣ аз дастовардҳои муҳимтарини давлат дар солҳои истиқлолият нақши афзояндаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ зикр гардид.
Воқеан, Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми тоҷик бузургтарин арзиш ва сарвати миллӣ аст.
Ҳамчунин зикр гардид, ки соли 2022 барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия соли муҳим ба шумор меравад, зеро 8 апрел кишварҳои мо 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатиро ҷашн гирифтанд.


Таърихи муносибатҳои Тоҷикистон ва Русия решаҳои чандинасра дошта, онҳоро робитаҳои зич, бародарона, дӯстии халқҳо ва мероси фарҳангӣ мепайванданд. Аз ин рӯ, Русия аз солҳои аввали истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар низоми афзалияти сиёсати хориҷии кишвари мо мавқеи калидиро ишғол менамояд.
Дар назди ҳозирин аз номи Федератсияи Русия Вазири рушди иқтисоди Федератсияи Русия Максим Решетников сухан гуфт. Мавсуф ҳозиринро ба муносибати ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия табрику таҳният гуфта, ба мардуми дӯсти тоҷик сулҳу осоиш ва шукуфоӣ таманно намуд.
Ҳамчунин дар назди ҳозирин Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода сухан гуфт.
Ҳамоишро барномаи ҷолиби консертӣ, ки таҷассумгари таърихи бостонӣ, фарҳанги ғанӣ ва бозгӯи анъанаҳои деринаи халқи тоҷик буд, пуршукӯҳ гардонид. Ҳамчунин ба меҳмонон филмҳо ва наворҳо дар бораи дастовардҳои бузурги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи 31 соли Истиқлолияти давлатӣ, инчунин муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва Русия дар тӯли 30 сол манзур гардиданд.
Ҳамзамон дар доираи ҳамоиш намоишгоҳ дар мавзӯи «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» пешкаши меҳмонон гардид.
АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Русия








Дар Боку тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма баррасӣ гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо Директори иҷроияи ширкати Mooney Group мулоқот кард
Дар Қоҳира масъалаи таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд
Имконияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ширкати NVIDIA дар соҳаи зеҳни сунъӣ баррасӣ гардид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба роҳбарият ва мардуми Эрон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Беларус дар соҳаи фарҳанг ва санъат густариш меёбад
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт мулоқот намуд
Дар Душанбе масъалаи рушди муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса баррасӣ шуд
«Сомон Эйр» барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварҳои Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд






