Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Маркази хизматрасонии «Сад ранги чакан» ифтитоҳ ёфт

Сентябрь 23, 2022 08:50

 ДУШАНБЕ, 23.09.2022 /АМИТ «Ховар»/.  Дар маҳаллаи  Азизбекови ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Маркази хизматрасонии «Сад ранги чакан» мавриди ифтитоҳ қарор гирифт, ки дар он омӯзиши ин навъи ҳунар ба ҷавондухтарон ва бонувон ба роҳ монда мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи мазкур.

Марказ аз ҳисоби буҷети маҳаллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ маблағгузорӣ карда шуда, дар он барои 20 нафар ҷавондухтарон ва бонувон шароити хуби корӣ фароҳам оварда шуда, минбаъд теъдоди ҷойҳои корӣ зиёд карда мешавад.

Дар расми ифтитоҳи он Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ  Самӣ Шариф , сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе Зарина Зуҳурзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Директори МД «Ҳунарҳои мардумӣ»-и ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои ноҳиявӣ ва дигар шахсони масъул иштирок ва аз шароити фароҳамгардида дар ин маркази омӯзишӣ дидан намуданд.


Чакан як навъ гулдӯзии миллӣ дар матоъҳои пахтагӣ ва абрешимист, ки бештар миёни занону духтарони тоҷик ривоҷ ёфтааст. Ин ҳунари мардумӣ дорои таърихи ниҳоят куҳан буда, пеш аз ҳама, рамзи баҳор аст ва гулдухтарони тоҷик онро дар ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон, чорабиниҳои фарҳангии давлатӣ, истиқболи меҳмонони олиқадр, тӯю маъракаҳои хонаводагӣ ба бар менамоянд.

Аз қадим давлату миллатҳоро аз рӯи фарҳанг, тамаддун, урфу одат ва либоси миллиашон мешинохтанд ва ин рукн ҳанӯз ҳам риоя мегардад. Тоҷикон дорои фарҳанги қадимӣ буда, маълум мегардад, ки либосҳои миллии мо қудрати дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намудани миллатро доранд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи И. Сомонӣ

Сентябрь 23, 2022 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд