Дар шаҳри Новосибирск Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн гирифтанд

Сентябрь 1, 2022 15:28

ДУШАНБЕ, 01.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Русия 30 август ба ифтихори 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази фарҳангӣ ва истироҳатии «Победа» ҳамоиши баргузор намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҳамоиш муовини аввали Раиси шаҳри Новосибирск Геннадий Захаров, намояндагони сохторҳои давлатӣ, роҳбарони намояндагиҳои дипломатии дар Новосибирск аккредитатсияшуда, зиёиён, воситаҳои ахбори омма, инчунин намояндагони диаспораи тоҷик, донишҷӯёни тоҷике, ки дар минтақа таҳсил ва зиндагӣ мекунанд, ширкат варзиданд.

Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск Давлатхоҷа Ятим ҳозиринро шодбош гуфта, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ноил шудан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди устувор, инчунин барқарор ва таҳкими робита бо ҷомеаи ҷаҳонӣ таъкид намуд.

Сипас, муовини якуми раиси шаҳри Новосибирск Геннадий Захаров мардуми тоҷикро бо Рӯзи истиқлолият табрик намуда, ба комёбиҳо ва дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи бунёд ва таҳкими давлатдорӣ баҳои баланд дод.

Намоишгоҳи аксҳо аз дастовардҳои даврони истиқлолият манзури меҳмонон гардонида шуд, ки ҳозиринро бо дастовардҳои кишвар дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳанг, варзиш ва маориф, инчунин маводи таблиғотӣ оид ба табиати беназир ва иқтидори сайёҳии Тоҷикистон шинос менамуд.

Чорабинии мазкур бо консерти ҷашнӣ ва намоиши рақсҳои миллӣ ҳусни анҷом пазируфт.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 9 сентябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи истиқлолияти давлатӣ таҷлил мегардад.

Акс: ВКХ ҶТ

Сентябрь 1, 2022 15:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб бо корҳои сохтмонӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид
Бахшида ба 10-солагии мақоми шаҳрро касб намудани Ҳисор ҳамоиш баргузор гардид
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Таҳти ин унвон Озмуни ҷумҳуриявии «Мақолаи беҳтарин» баргузор мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Хоруғ озмунҳои шаҳрӣ ва иқдоми бунёдкорӣ гузаронида мешаванд
Дар ноҳияи Мастчоҳ 200 иншооти таъйиноти гуногун бунёд карда мешавад
Дар шаҳри Ҳисор лоиҳаи бунёди мактабҳои нав муаррифӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Вахш корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ ба фаъолият оғоз намуд