ФАВРӢ! Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад

Сентябрь 17, 2022 12:41

ДУШАНБЕ, 17.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Соати 07:30-и 17 сентябри соли 2022 вобаста ба иҷро намудани шартҳои оташбаси эълоншуда вохӯрии Фармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид. Дар ҷараёни вохӯрӣ ду ҷониб масъалаҳои ба эътидол овардани вазъият, ба мавқеъҳои аввалаи худ баргардонидани қувваю воситаҳои иловагиро баррасӣ намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Вале новобаста аз мувофиқаи бадастомада, соати 11:10-и имрӯз командири қисми ҳарбии 707-и ВКД Ҷумҳурии Қирғизистон, ки дар бинои собиқ мактаби ба номи Ш. Ғании деҳаи Коктоши ноҳияи Боткен қароргоҳ дорад, бар хилофи талаботи созиши оташбас, худсарона, барои зери тирборон қарор додани  дидбонгоҳи сарҳадии «Душанбе»-и Отряди сарҳадии «Исфара» ва маҳаллаи «Сомониён»-и шаҳри Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тамоми намуди силоҳҳо амр додааст.

Ҳолати мазкур аз он гувоҳӣ медиҳад, ки фармондеҳони алоҳида ба ситоди марказии Қувваҳои мусаллаҳи Қирғизистон итоат намекунанд.

Илова бар ин, соати 11:50-и ҳамин рӯз Қувваҳои мусаллаҳи Қирғизистон бо истифода аз ҳама намуди аслиҳаи вазнини ҷангӣ ҷониби дидбонгоҳи сарҳадии «Сарҳадчӣ»-и Отряди сарҳадии «Лахш»-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон оташ кушоданд.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Сентябрь 17, 2022 12:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон мулоқот намуд
Дар Панҷакент 24 кг маводи мухаддир мусодира карда шуд
Ҷаласаи коршиносон оид ба таъсис додани Маркази зиддимухаддиротии СҲШ дар Душанбе баргузор гардид
Вакили Маҷлиси намояндагон барои ҳайати шахсии Раёсати Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ машғулияти сиёсӣ доир намуд
Дар Душанбе интиқолдиҳандаи маводи мухаддир бо 31 кг “ҳашиш” боздошт ва ба 13 соли зиндон маҳкум шуд
Кӯшиши интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар дар сарҳади ҷанубии Тоҷикистон пешгирӣ карда шуд
Дар конфронси байналмилалӣ масъалаи ташаккули дониши кӯдакон оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ баррасӣ мегардад
Вазири мудофиаи Тоҷикистон дар Машварати навбатии вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Вазири адлияи Тоҷикистон дар ҷаласаи нуздаҳуми Шурои вазирони адлияи давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
АРТИШИ МИЛЛӢ НА ТАНҲО ҚУДРАТИ ҲАРБӢ, БАЛКИ РАМЗИ ВАҲДАТ АСТ. Андешаҳои Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар Вохӯрии 20-уми котибони шуроҳои амнияти давлатҳои аъзои СҲШ дар Пекин иштирок намуд
Қочоқи калони маводи мухаддир дар сарҳад бо Афғонистон пешгирӣ карда шуд