КВД «Роҳсоз» ширкату корхона ва сокинонро бо маҳсулоти сохтмонию роҳсозии аълосифати ватанӣ таъмин менамояд

Сентябрь 15, 2022 08:39

ДУШАНБЕ, 15.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Дар коргоҳҳои Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳсоз» тамоми маҳсулоти истеҳсолшаванда аз ашёи хоми ватанӣ тайёр карда мешавад. Тамоми маҳсулоти хоми ба коргоҳҳо воридшаванда сараввал дар озмоишгоҳи корхона аз ташхис гузашта, баъдан барои истеҳсол намудани онҳо иҷозат дода мешавад. Инчунин пас аз истеҳоли маҳсулоти тайёр он дубора аз санҷиш гузаронида мешавад, то сатҳу сифаташ ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ бошад. Озмоишгоҳи муосири корхона бо таҷҳизоти аз хориҷи кишвар, аз ҷумла аз Аврупо ва Амрико воридшуда муҷаҳҳаз гардонида шуда, ба баланд бардоштани сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ дар роҳҳои мошингард мусоидат хоҳад кард»,-иброз дошт ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сармуҳандиси Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳсоз» Фаррух Ҷалилов.

Бино ба гуфтаи Фаррух Ҷалилов, дар озмоишгоҳ бо мақсади санҷиши сифати молу маҳсулоти роҳсозӣ ва сохтмонӣ 110 асбоб ва лавозимоти озмоишгоҳӣ мавҷуданд. Тамоми маҳсулоти хом, нимтайёр ва тайёри корхона қабл аз коркард ва баъд аз он аз ҷониби мутахассисон мавриди санҷиш қарор гирифта, сифатнокии он муайян ва ба коркарду истифода равона карда мешавад.

Мутахассисону муҳандисони ватанӣ бо истифода аз шароити мавҷуда имкон доранд, ки таркиби омехтаҳои асфалтубетон, миқдори қир дар омехта, хурдшавии сангреза, ёзиши қир то ҳадди зарурӣ, ҳадди мустаҳкамии намунаҳои асфалтубетонӣ ва сементубетонӣ, зичии хокҳои зичкардашуда ва ғайраро дар доираи талаботи байналмилалӣ муайян намоянд.

«Ҳангоми ифтитоҳи корхона Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки музди меҳнати кормандон баланд бардошта шуда, техникаву таҷҳизоти нав дар самти истеҳсолот зиёд гарданд ва аз ин ҳисоб ҷойҳои корӣ низ бештар карда шаванд. Маҳсулоти мо барои беҳтар намудани сатҳу сифати сохтмони роҳҳо мусоид мебошад. Мо ният дорем дар оянда коргоҳҳои истеҳсолиро зиёд намуда, шумораи коргаронро бештар ва музди меҳнати онҳоро баланд бардорем. Дар айни замон мо танҳо қири барои асфалтубетон истифодашавандаро аз хориҷи кишвар ворид мекунем, боқимонда тамоми ашёи хоми ватанӣ мебошад. Мутахассисоне, ки дар айни замон дар коргоҳҳо фаъолият доранд, ҳама кадрҳои маҳаллӣ буда, дар раванди ворид гардидани таҷҳизот барои коргоҳҳои асфалтбарорӣ, бетонбарорӣ, сангмайдакунӣ, озмоишгоҳ мутахассисон аз хориҷи кишвар ба онҳо корҳои васлу насбро омӯзониданд. Дар айни ҳол дар корхона пурра мутахассисони маҳаллӣ фаъолият дошта, дар оянда онҳо боз кадрҳои ҷавонро меомӯзонанд. Пештар дар озмоишгоҳҳо раванди гузаронидани ташхис 2 -3 рӯзро дар бар мегирифт, ҳоло бо истифода аз таҷҳизоти муосир ин раванд дар 1-2 соат анҷом дода мешавад», -илова намуд сармуҳандиси Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳсоз».

Бояд гуфт, ки таҷҳизоти коргоҳи истеҳсоли тахтасангу канорасанг аз Федератсияи Россия ворид шуда, барои кор дар он шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Россия дар ҳамин самт кор мекарданд, даъват шудаанд.

«Мо, якчанд нафар мутахассисонеро, ки дар Россия ба коркарди тахтасангу канорасанг машғул будем, барои кор дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳсоз» даъват намуданд. Инҷо, албатта, шароит нисбат ба Россия хубтар буда, маош низ баланд мебошад. Аз ҳама муҳим он ки мо дар назди зану фарзандони худ фаъолият карда метавонем»,- гуфт мутахассиси коргоҳ Исмоил Хуҷаев.

Тавре қаблан хабар дода будем, 13 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт Маҷмааи истеҳсолии Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳсоз»-ро мавриди истифода қарор доданд.

Маҷмааи истеҳсолии Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳсоз» аз коргоҳҳои истеҳсоли асфалт, сангмайдакунӣ, бетон, тахтасангу канорасангҳо бо озмоишгоҳи муосир, бинои маъмурият ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.

Коргоҳҳои нави истеҳсолӣ бо технологияи муосир дар пойтахти мамлакат дар масоҳати 12 гектар бунёд ёфтаанд.

Бо ифтитоҳи ин маҷмааи истеҳсолӣ 400 нафар шаҳрвандони мамлакат дар ду баст ва дар се баст 600 кас бо ҷойи кор ва маоши баланд таъмин мешаванд.


«Иқтидори истеҳсолии коргоҳи истеҳсоли асфалтубетон 160 тонна маҳсулот дар як соат мебошад. Бо истифода аз коргоҳи тамғаи «AMMANN» сангрезаи бо қир сиёҳкардашуда, асфалту бетони калонда, асфалту бетони майдадонаи навъҳои «А, Б, В» ва асфалтубетони сангрезаю мастикӣ – «ШМА» бо сифати баланд ва мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ истеҳсол мегарданд. Дар коргоҳи истеҳсоли асфалтубетон ҳамчунин захирагоҳи мум бо ғунҷоиши 160 тонна ва захирагоҳи хокаи минералӣ бо ғунҷоиши 480 тонна мавҷуд мебошад. Коргоҳи сангмайдакунӣ дар ин маҷмаа имкон дорад, ки дар як соат аз 120 то 140 тонна маҳсулот, аз ҷумла қум, сангреза бо андозаи аз 5 то 15 миллиметр ва сангрезаи калондона бо андозаи аз 15 то 30 миллиметр истеҳсол намояд»,-иброз намуд Фаррух Ҷалилов.

Бояд гуфт, ки истеҳсоли тахтасангу канорасангҳо низ дар ин маҷмаа бо истифода аз технологияи муосир амалӣ карда шуда, бо риояи меъёрҳои ҷаҳонӣ 3 навъ тахтасангу канорасанг омода карда мешавад.

Иқтидори истеҳсолии ин коргоҳ аз 40 то 60 метри мураббаъ тахтасанг ва аз 60 то 360 метри тӯлонӣ канорасанг буда, бо истифода аз шароити мавҷуда оянда иқтидори истеҳсолӣ боз ҳам баланд бардошта хоҳад шуд.

Барои кашондани маҳсулоти хому тайёри коргоҳҳо зиёда аз 60 техникаю механизми гуногунтамға харидорӣ гардидаанд.

«Коргоҳҳои нави саноатӣ бо озмоишгоҳи муосир дар миқёси давлатҳои Осиёи Марказӣ беназир буда, дар боло бардоштани иқтидори истеҳсолии мамлакат нақши назаррас мегузоранд. Маҷмааи нави истеҳсолӣ дар пойтахти мамлакат имкон медиҳад, ки талаботи ширкату корхонаҳо ва сокинон бо маҳсулоти сохтмонию роҳсозии аълосифати ватанӣ таъмин карда шавад. Аз нигоҳи инфрасохтор маҷмааи мазкур дар қаламрави ҷумҳурӣ ягона буда, вобастагии коргоҳҳо аз ҳамдигар имкон медиҳад, ки маҳсулот бо сифати баланд ва дар муҳлати кӯтоҳ пешниҳоди истифодабарандагон гардад. Баробари таъсису ба фаъолият оғоз кардани коргоҳҳои нав ҳамчунин дар доираи татбиқи лоиҳа коргоҳи истеҳсоли бетон бо иқтидори 35 — 40 метри мукааб дар як соат бо истеҳсоли 8 тамғаи бетон дар он ва коргоҳи истеҳсоли шағал бо андозаи аз 70 то 100 миллиметр барои таҳкурсии роҳ бо иқтидори 30 — 45 тонна дар як соат дубора барқарор карда шуд. Ифтитоҳи коргоҳҳои нави истеҳсолӣ имкон медиҳад, ки дар раванди сохтмону навсозии роҳу пулҳо дар шаҳри Душанбе ва дар маҷмӯъ мамлакат навгониҳои тоза дар асоси таҷрибаи ҷаҳонӣ амалӣ карда шаванд»,-зикр намуд мусоҳиб.

Оянда дар асоси иқдомҳои созандаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе коргоҳҳои истеҳсоли қубуру симчӯбҳои бетонӣ, новаҳои оҳану бетонӣ, маҳсулоти оҳану бетонӣ барои сохтмони каналҳо ва новаҳои оҳанубетонӣ барои хатҳои қубурҳои гармидиҳанда ва дигар маҳсулоти сохтмонию роҳсозӣ фаъол карда шуда, ҷойҳои нави кор таъсис меёбанд.

Лайло ТОИРӢ,
Рустам ҶАМИЛЗОДА,
Тоҳир САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»

Сентябрь 15, 2022 08:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон бо аморати Рас-ал-Хайма дар таҳияи барномаҳои зеҳни сунъӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
МОҲИПАРВАРӢ АЗ ҶИҲАТИ ДАРОМАДНОКӢ ДАР ҶОЙИ АВВАЛ МЕИСТАД. Бадахшон метавонад дар парвариши гулмоҳӣ пешсаф гардад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Нидерланд дар татбиқи Рӯзномаи амал оид ба об дар Ню-Йорк баррасӣ шуд
Дар шафати роҳҳои Тоҷикистон 30 адад нуқтаҳои баркашӣ бо тарозуҳои статсионарӣ, динамикӣ ва мобилӣ муҷаҳҳаз фаъолият доранд
Масъалаи таҳияи Стандартҳои миллии экологӣ, иҷтимоӣ ва идоракунии корпоративӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ. Дар Тоҷикистон имсол дар майдони беш аз 6 ҳазор гектар картошка кишт гардид
РУШДИ САНОАТ. Дар корхонаҳои саноатии шаҳри Исфара ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот меафзояд
Маркази миллии патенту иттилооти Тоҷикистон ва Ташкилоти патентии Авруосиёӣ ҳамкориро тавсеа мебахшанд
Соли равон дар вилояти Суғд 55559 тонна картошка ва 37415 тонна пиёз ҷамъоварӣ шудааст
Дар Хатлон корхонаи саноатии батареяҳои офтобӣ сохта мешавад
Дар Тоҷикистон ҳаракати воситаҳои нақлиёти вазнин, ки зиёда аз 40 тонна бор интиқол медиҳанд, манъ аст
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи Маркази СММ оид ба содагардонии расмиёти савдо ва тиҷорати электронӣ иштирок намуд