Лоиҳаи «Барномаи рушди савдои электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» таҳия мегардад
ДУШАНБЕ, 15.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. 13-14 сентябр бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои кишвар ва коршиносони Маркази байналмилалии савдо (ITC) оид ба таҳияи лоиҳаи «Барномаи рушди савдои электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» машварат баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишар хабар доданд.
Дар машварат муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода вобаста ба корҳои амалигардида ва ҳадафу афзалияти пешбинишуда дар ҳуҷҷатҳои стратегии кишвар оид ба иқтисоди рақамӣ, бахусус тиҷорати электронӣ маълумоти пурра пешниҳод намуд. Зикр гардид, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба роҳандозӣ намудани савдои электронӣ корҳои назаррас амалӣ гардидаанд.
Аз ҷумла, Консепсияи иқтисоди рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 қабул карда шуданд. Илова бар ин Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон fr-meds.net имзои рақамӣ қабул гардида, Қонун «Дар бораи тиҷорати электронӣ» дар марҳилаи ниҳоии қабулшавӣ қарор дорад.
«Барномаи рушди савдои электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» бо назардошти таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ ва бо мақсади иҷрои ҳадафу афзалияти пешбинигардида дар барномаву ҳуҷҷатҳои стратегии кишвар, рушди ҳамкории тиҷоратӣ, роҳёбии бештар ба бозори ҷаҳонӣ тавассути рақамикунонии соҳа, таъмини низоми содакардашудаи савдои электронӣ, содагардонии расмиёти савдо, ҷалби сармояи хориҷӣ ва гузаронидани арзёбии ин самт дар ҳоли таҳия қарор дорад.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон: «Истихроҷи нафт дар мамлакат афзоиш ёфтааст»
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии содирот» таҳия карда шуд
Аз Тоҷикистон беш аз 190 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 аз Тоҷикистон ба 64 давлати ҷаҳон молу маҳсулот содирот гардид
Дар Тоҷикистон бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи об Шурои миллии об таъсис дода шуд
НИЗОМИ ҒАЙРИНАҚДӢ. Аз 1 июли соли 2026 истифодаи ҳатмии рамзи ягона барои соҳибкорони инфиродӣ ҷорӣ мегардад
Роҳи оҳани Тоҷикистон соли 2025 беш аз 7,4 миллион тонна бор ва зиёда аз 456 ҳазор мусофир интиқол додааст
«Тоҷик Эйр» тавассути лизинги молиявӣ ду ҳавопаймои «Airbus» харидорӣ менамояд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар Тоҷикистон беш аз 3 миллион бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
Дар Тоҷикистон 95,1 фоизи борҳо ва 99,8 фоизи мусофирон тавассути нақлиёти автомобилӣ ҳамлу нақл мешаванд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» қариб 60 дарсад ба анҷом расидаанд






