Намояндагии доимии Тоҷикистон дар СММ вохӯрии навбатии Гурӯҳи дӯстони обро дар сатҳи сафирон доир кард

Сентябрь 10, 2022 09:16

ДУШАНБЕ, 10.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. 8 сентябр Намояндагии доимии Тоҷикистон дар СММ бо дастгирии кишварҳои узви Кумитаи ҳидояткунандаи Гурӯҳи дӯстони об, вохӯрии навбатии Гурӯҳро дар сатҳи сафирон доир намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар  Намояндагии доимии Тоҷикистон дар СММ хабар доданд.

Меҳвари ҳамоиш ба баррасии мавзӯъҳои муколамаи интерактивии Конфронси бознигарии миёнамуддати Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки соли 2023 дар ш.Ню Йорк доир мегардад, равона шуда буд.

Дар чорабинии мазкур, Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат, Намояндаии доимии Шоҳигарии Нидерландия Ёка Брандт, муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ  ҷаноби Ли Ҷунҳуа ба ҳайси Дабири кулли Конфронси 2023 ва Президенти тозаинтихоби 77-уми Маҷмаи Умумии СММ ҷаноби Чаба Короши ба ҳайси панелистон ширкат варзида, ба кишварҳои узв аз раванди тадорукот ба Конфронси 2023, аз ҷумла мавзӯъҳои муколомаи интерактивии Конфронс, ки аз ҷониби мизбонон пешниҳод гардидааст, маълумоти барузшуда пешниҳод карданд. Дар баробари ин, Намояндаи доимии Миср дар СММ Осама Абдулхалиқ  низ ба ҳайси панелист ширкат варзида, дар бораи омодагӣ ба 27-ум Конфронси СММ ои ба тағйирёбии иқлим иттилоъ дод.

Инчунин, ширкаткунандагон дар хусуси  Рӯзномаи Даҳсолаи об ва аҳаммияти он барои Конфронси об табодули назар карданд.

Ёдовар мешавем, ки Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 таҳти унвони «Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ” 6-9 июни соли 2022 дар Душанбе баргузор гардид.

Конфронси оби СММ 22-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк таҳти раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд баргузор хоҳад шуд. Нишасти мазкур баъд аз Конфронси оби сатҳи баланди соли 1977 дар Мар-дел-Плата нахустин Конфронси оби СММ дар чунин сатҳ ба ҳисоб меравад.

АКС: Намояндагии доимии Тоҷикистон дар СММ

Сентябрь 10, 2022 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо ҳайати Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии «Осиёи Марказӣ-Австрия» иштирок намуд
Дар шаҳри Токио Наврӯзро ҷашн гирифтанд
Дар Москва Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд
Дар Лондон Наврӯзи байналмилалӣ бошукуҳ таҷлил гардид
Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад