Осорхонаҳои миллии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо мерасонанд

Сентябрь 6, 2022 09:16

ДУШАНБЕ, 06.09.2022 /АМИТ  «Ховар»/. Интизор меравад, ки дар оянда миёни Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии Арабистони Саудӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расад. Ин ва  дигар масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкории фарҳангӣ 5 сентябр дар Душанбе зимни мулоқоти Директори Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафаршо Иброҳимзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон арРушайдон баррасӣ гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллӣ иттилоъ медиҳад, ки Зафаршо Иброҳимзода ташрифи меҳмони олиқадрро ба Осорхонаи миллӣ дар арафаи ҷашни 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфт.

Дар мулоқот мусоҳибон масъалаҳои марбут ба табодули таҷрибаи осорхонавӣ, тармиму таҳкими ашёи нодири осорхонавӣ, таҳия ва чоп намудани феҳристи ёдгориҳои нодири осорхона бо забонҳои тоҷикӣ ва арабӣ, ташкил ва баргузории намоишҳои муваққатӣ дар Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ, омода намудани мутахассисон дар соҳаи тармиму консерватсия ва дигар самтҳои муҳими фаъолияти осорхонавиро баррасӣ намуданд.Ҳамзамон Валид ибни Абдурраҳмон ар-Рушайдон тавассути толорҳои экспозитсионии осорхона бо таъриху фарҳанги пурғановати халқи тоҷик аз наздик шинос шуд.

Баъди тамошои Осорхонаи миллии Тоҷикистон дипломати саудӣ ҳамчун рамзи дӯстӣ дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон таассуроташро дарҷ намуд.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Сентябрь 6, 2022 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲАДЯИ КИТОБ. Фаъолияти хуби китобхонаҳо воситаи муҳими китобхон шудани ҷомеа мегардад
ИҚДОМИ «ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ба либоси миллӣ – мероси аҷдодонамон арҷ мегузорем
Дар Хуҷанд масъалаи эҳё ва рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ баррасӣ гардид
«ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ФАРДОИ ФАРҲАНГИ ТОҶИК». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Роҳнамои беҳтарин» баргузор мешавад
Дар Давҳа намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид
Дар Давлати Қатар Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд
Таҳти унвони «Робиаи Балхӣ — нахустбонуи соҳибдевони адабиёти тоҷику форс» конференсияи байналмилалӣ баргузор мешавад
Фаъолияти инноватсионӣ-методии китобхонаҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна муқаррар намудааст?
«ҶАВОНОН — ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ». Таҳти ин унвон дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои рассомони ҷавон оғоз шуд
ПАЁМЕ, КИ НАВИДИ ПИРӮЗИҲОСТ. Иҷрои дастурҳои он роҳнамои миллати тоҷик барои фатҳи қуллаҳои нави армонҳои миллӣ аст
Донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» соҳиби се Шоҳҷоиза шуданд