«ПАХТА-2022». Дар Тоҷикистон тибқи дурнамо 425 ҳазор тонна ҳосил ҷамъоварӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 18.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. То 15 сентябр кишоварзони мамлакат зиёда аз 73 ҳазору 273 тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд. Тибқи нақша, имсол кишоварзон 425 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ менамоянд.
Тавре дар маркази матбуоти Вазорати кишоварзии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, аз пахтаи ҷамъоваригардида 63 ҳазору 192 тоннаи он ба вилояти Хатлон, 9633 тонна ба вилояти Суғд ва 448 тоннаро кишоварзони ноҳияҳои тобеи марказ ҷамъ оварданд.
Имсол дар ҷумҳурӣ бояд дар 186 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешуд. Аммо тибқи маълумоти оморӣ, дар шаҳру ноҳияҳои пахтакори ҷумҳурӣ танҳо дар 181 ҳазору 589 гектар чигит кишт карда шуд. Аз майдони киштшуда 57 159 гектар ба вилояти Суғд, 121 694 гектар ба вилояти Хатлон ва 2689 гектар ба ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ рост меояд.
Зикр шуд, ки кишоварзони мамлакат дар ин шабу рӯз ҳосили якуми пахтаро ҷамъоварӣ намуданд ва барои ҳосили дуюм дар заминҳои пахтазор обмонӣ намуда истодаанд.
АКС аз бойгонӣ








ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд






