СММ БЮРОИ ҶАВОНОН ТАЪСИС МЕДИҲАД. Имрӯз дар ҷаҳон 1,8 миллиард нафар ҷавонон зиндагӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 12.09.2022. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи панҷшанбе, 8 сентябр Маҷмаи Умумии СММ қатъномаеро дар бораи таъсиси Бюрои ҷавонони СММ бидуни раъйдиҳӣ қабул кард. Ин сохтор дар доираи СММ ба фаъолият ва дастгирии иттилоотие, ки ба ҳалли мушкилоти ҷавонон дар бахшҳои сулҳу амният, рушди устувор ва ҳуқуқи инсон нигаронида шудааст, роҳбарӣ менамояд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи «Синхуа» хабар медиҳад.
Ба Бюро дастур дода шудааст, ки дар доираи низоми СММ ҳамкории наздиктар ба роҳ монад, ҳамоҳангсозӣ ва масъулият дар ҳалли масъалаҳои ҷавонон, аз ҷумла дастгирии давлатҳои узв барои пешбурди амалҳои муассир ва пурмазмун, иштирок ва тавонмандсозии ҷавононро таъмин созад.
Чор сол қабл, 24 сентябри соли 2018, дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк, дар остонаи муҳокимаҳои умумисиёсӣ дар иҷлосияи 73-юми Ассамблеяи генералӣ Дабири кулл Антониу Гутерриш оғози стратегияи нав бо номи «Ҷавонон- 2030»-ро эълон карда, инчунин оид ба ташаббуси марбут ба тавсеаи ҳуқуқ ва имконоти 1,8 миллиард нафар ҷавонон сухан гуфт. Шумораи ҷавонон имрӯз дар ҷаҳон маҳз ҳамин миқдор аст. Ин бузургтарин насли ҷавонон дар таърих аст. Тақрибан 90% ҳамаи ҷавонон дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ зиндагӣ карда, дар онҳо қисми зиёди аҳолиро ташкил медиҳанд.
«Имрӯз мо оғози давраи навро барои ҷавонон эълон мекунем»,- гуфт Котиби генералӣ. Вай афзуд, ки СММ бояд пешвои кор бо ҷавонон гардад.
Тоҷикистон — кишвари ҷавонон
Беш аз 70 дарсади ҷамъияти Тоҷикистонро ҷавонони то 35-сола ташкил медиҳанд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар дода буд, дар ин бора 21 майи соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо ҷавонони кишвар изҳор доштанд.
Қобили зикр аст, ки тибқи маълумоти Хазинаи нуфуси СММ, Тоҷикистон яке аз кишварҳое мебошад, ки дар он ҷавонон бартарӣ доранд, синни миёнаи аҳолӣ 22,5 солро ташкил медиҳад.
Дар баробари ин, Пешвои миллат таъкид намуданд, ки тибқи омор, беш аз 70 дарсади аҳолии кишварро ҷавонони то 35-сола ташкил медиҳанд, аз ин рӯ, Тоҷикистон кишвари ҷавонон маҳсуб мешавад.
«Ин нишондиҳанда аз мо тақозо менамояд, ки дар самти тарбия ва рушди қобилияти зеҳнӣ ва ҷисмонии насли ҷавони ҷомеа тадбирҳои зиёд андешем», — иброз доштанд Сарвари давлат.
Ба гуфтаи Президенти кишвар, дар тӯли қариб сӣ соли истиқлолият дар мамлакат қонунҳои меъёрӣ, асосҳои ташкилӣ ва инфрасохтории сиёсати давлатии ҷавонон, даҳҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва маҷмӯи масъалаҳои сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангие, ки бевосита ба ҷавонон алоқаманданд, қабул шудаанд.
ДАР АКС: иштирокчиёни конфронси 22-юми байналхалқии ҷавонон «Модели СММ», 2018. АКС: Twitter








Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид






