ТАСС: Дар Москва маркази фарҳангии Тоҷикистон таъсис меёбад
ДУШАНБЕ, 02.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти шаҳри Москва тасмим гирифтанд, ки биноеро дар маркази шаҳр ба таври ройгон ба моликияти Федератсияи Русия диҳанд, ки дар он ҷо маркази фарҳангӣ ва намояндагии Тоҷикистон таъсис дода мешавад. Дар ин бора ба ТАСС котиби матбуоти мири пойтахт, роҳбари хадамоти матбуоти мир ва ҳукумати шаҳр Гулнора Пенкова хабар додааст.
Қаблан Президенти Русия Владимир Путин дар суҳбат бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд, ки Москва масъалаи пешниҳод намудани биноеро, ки дар он маркази фарҳангӣ ташкил мешавад, ҳал намудааст.
«Ҳукумати Москва тасмим гирифтааст, ки бино бо масоҳати 5039,1 метри мураббаъро дар суроғаи кӯчаи дуюми Тверская-Ямская. х. 40 ройгон ба моликияти Федератсияи Русия диҳад, ки дар айни замон дар он муассисаи «Маҷмааи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷойгир аст. Минбаъд ин амвол тибқи созишномаи байниҳукуматӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷойгир кардани маркази фарҳангӣ ва намояндагӣ ба таври ройгон дода мешавад», — гуфт Пенкова.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Русия Владимир Путин барои кумак дар бунёди мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон изҳори сипос намуданд. Сарвари давлат дар ин бора дирӯз, 1 сентябр тавассути пайванди видеоӣ дар маросими ифтитоҳи панҷ мактаби таҳсилашон ба забони русӣ дар Тоҷикистон, ки Президенти Русия низ дар он ба таври маҷозӣ ширкат дошт, изҳор доштанд.
АКС аз манбаъҳои боз








Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид






