Тоҷикистон ва Русия рушди ҳамкориро дар соҳаи варзиш баррасӣ карданд

Сентябрь 12, 2022 15:20

ДУШАНБЕ, 12.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. 9 сентябр мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшо Гулмаҳмадзода бо Вазири варзиши он кишвар Олег Матитсин баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот миёни ҷонибҳо перомуни рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи варзиш табодули афкор сурат гирифт. Дар зимн мусоҳибон дурнамои таҳкими робитаҳои варзиширо дар доираи СҲШ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ёдовар мешавем, ки 15-18 сентябр дар Тоҷикистон Форуми сармоягузории Русияву Тоҷикистон ва 18 октябр намоишгоҳи муҳандисии тахассусии «Спестмаш – Тоҷикистон 2022» баргузор мегардад.

Акс: ВКХ ҶТ

Сентябрь 12, 2022 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд