Толори «Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Осорхонаи миллӣ баъди таҷдид ифтитоҳ гардид

Сентябрь 7, 2022 09:34

ДУШАНБЕ, 07.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. 6 сентябр дар остонаи ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон экспозитсияи толори «Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баъди таҷдид дар маросими тантанавӣ бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои мамлакат ифтитоҳ ёфт, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар муассисаи мазкур.

Дар толор аксҳои рӯйдодҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба маърази тамошо гузошта шудаанд. Нигораҳо, аксу китобҳо ва ашёи осорхонавии иловашуда инъикосгари дастовардҳои Тоҷикистон дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ, дар соҳаҳои гуногун, назири рушди Парлумон, сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истиқлолияти энергетикӣ, саноатикунонии мамлакат, амнияти озуқаворӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва варзиш мебошанд.

Дар маросими ифтитоҳи толори таҷдидшуда Директори Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» Зафаршо Иброҳимзода зикр намуд, ки Истиқлолияти давлатӣ барои миллати фарҳангиву тамаддунофари тоҷик нодиртарин дастоварди сарнавиштсоз ба ҳисоб рафта, оғози давраи комилан нав дар таърихи давлатдории тоҷикон, марҳилаи тоза дар ташаккули тафаккур ва давлатдорӣ мебошад.


Сипас намояндагони соҳаҳои гуногун ва меҳмонон доир ба дастовардҳои мамлакат дар солҳои соҳибистиқлолӣ ибрози андеша намуданд.

Ҳамзамон бо мақсади дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли ҷавон ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ бо иштироки адибон ва аҳли ҳунар барномаи фарҳангӣ пешкаши иштирокорон гардонида шуд.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Сентябрь 7, 2022 09:34

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 апрел, чоршанбе, 91-умин рӯзи соли 2026 аст
БАР ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ КУНЕМ! Маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон оғоз гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар деҳаи Корези ноҳияи Данғара Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Дар Прокуратураи ҳарбии гарнизони Суғд Наврӯз бо риояи анъанаҳои хоси ниёгонамон таҷлил шуд
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд