Завқӣ Завқизода ва Мартин Саладин масъалаи ҳамкорӣ барои рушди тиҷорат ва иқтисодро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 02.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи ҷаласаи сеюми Комиссияи байниҳукуматӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Сафири Фавқулодаи Конфедератсияи Швейтсария Мартин Саладин баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои мамлакат.
Зимни вохӯрӣ, ки дар фазои созанда ва дӯстона баргузор шуд, ҷонибҳо масъалаҳои таъсиси корхонаҳои муштарак дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин таҳкими ҳамкории дуҷониба барои рушди тиҷорат ва иқтисод, сармоягузорӣ, энергетика, кишоварзӣ, саноат, сайёҳӣ, маориф ва тандурустиро баррасӣ намуданд.
З. Завқизода иброз намуд, ки ба шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи роҳбарони ду кишвар- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Конфедератсияи Швейтсария муҳтарам Инянтсио Касис муносибатҳои ду кишвар ба сатҳи сифатан нав баромадаанд.
Швейтсария яке аз шарикони асосии низоми тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар шаш моҳи соли 2022 гардиши савдои дуҷониба 281,7 млн доллари ИМА-ро ташкил дод.
Дар ҷараёни мулоқот аз ҷониби Вазири рушди иқтисод ва савдо пешниҳод гардид, ки бо дарназардошти таъсири омилҳои берунӣ маблағгузории Швейтсария барои дастгирии соҳаҳои иқтисоди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар карда шавад.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ








ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд






