16 ОКТЯБР-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ҒИЗО. Таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҳадафҳои афзалиятноки стратегии Тоҷикистон аст
ДУШАНБЕ, 16.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасоли 16 октябр Рӯзи умумиҷаҳонии ғизо таҷлил карда мешавад. Он соли 1979 дар конференсияи Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ (ФАО) эълон шуда, ҳадафи асосии ин сана — баланд бардоштани маълумот ва огоҳии мардум доир ба мушкилоти вобаста ба озуқаворӣ дар ҷаҳон аст.
Тибқи иттилои СММ, соли 2021 шумораи одамоне, ки аз гуруснагӣ азият мекашанд, ба 828 миллион нафар расидааст, ки нисбат ба соли 2020 тақрибан 46 миллион нафар зиёд аст.
Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои афзалиятноки стратегӣ ба ҳисоб меравад. Ҳукумати мамлакат ин масъаларо ҳаётан муҳим шуморида, баҳри таъмини аҳолии мамлакат бо озуқа тадбирҳо меандешад. Бо ин мақсад «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти озуқаворӣ» ва «Барномаи таъмини амнияти озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024» қабул гардидаанд, ки самти асосии сиёсати давлатиро дар соҳаи таъмини амнияти озуқаворӣ ҳамчун қисми таркибии амнияти давлат бо меъёрҳои байналмилалии эътирофшуда муайян менамояд. Мақсади дастгирии давлатӣ оид ба амнияти озуқаворӣ таъмини талаботи аҳолӣ бо озуқа аз ҷониби истеҳсолкунандагони ватанӣ, содиркунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, ашёи хом ва озуқа мебошад.
Дар ин замина ҳамзамон баҳри рушди соҳаи кишоварзӣ ва саноати хӯрокворӣ тадбирҳои судманд андешида шудаанд, ки ба амалӣ гардидани нақшаҳои муҳим замина мегузоранд. Бинобар ин таваҷҷуҳ бояд ба он равон карда шавад, ки маҳсулоти хӯрокворӣ ба аҳолӣ бо сифати баланд пешкаш гардад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми ҳарсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зимни сафарҳои корӣ ба шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ба масъулини соҳаҳои кишоварзӣ оид ба зиёд кардани истеҳсоли маҳсулот, васеъ намудани майдони киштзор ва боғу токзор супориш ва дастурҳои мушаххас медиҳанд. Аз ин рӯ, барои амнияти озуқавории мамлакат ва бо ҷои кор таъмин намудани шарҳвандон роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ, тамоми кишоварзон ва ҳар оиларо зарур аст, ки истифодаи самараноки замин, пеш аз ҳама, заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ, бо ҳамин роҳ гирифтани то се- чор ҳосил ва захира намудани озуқавориро дар ҳар оила таъмин намоянд.
Ҳукумати мамлакат бо мақсади таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти озуқа ва пешгирӣ кардани гуруснагӣ 75 ҳазор гектар заминро ҳамчун заминҳои президентӣ тақсим намуд.
Дар натиҷа дар замони истиқлолият маданияти истифодаи замин куллан беҳтар гардида, аз як қитъаи замини обӣ гирифтани 2–3 ҳосил ба ҳукми анъана даромад, ки ба зиёд шудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат карда истодааст.
Соли 2021 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ таъмин гардида, аз 11 миллиарди соли 1992 ба 40 миллиард сомонӣ дар соли 2021 расонида шуд, ки қариб 4 баробар афзоиш ёфт. Бояд гуфт, ки имрӯзҳо зиёда аз 90 фоизи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба бахши хусусӣ рост меояд.
Давоми солҳои 2019-2021 барои рушди соҳаи кишоварзӣ аз буҷети давлатӣ дар доираи барномаҳои соҳавӣ 74,5 млн. сомонӣ ва тариқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии хориҷӣ 66,7 млн доллари ИМА равона гардидааст.
Барои рушди соҳаи кишоварзӣ бо ҷалби сармояи хориҷӣ тавассути Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» Лоиҳаи «Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ» ва аз тарафи Муассисаи давлатии «Маркази идораи «Лоиҳаи чорводорӣ ва чарогоҳҳо «Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо-II» ва лоиҳаҳои «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа» ва «Дастгирии ғизои мактабӣ» татбиқ гардида истодааст.
Дар нуҳ моҳи соли 2022 мувофиқи маълумоти оморӣ, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 33563,6 млн сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,8 фоиз зиёд мебошад, аз он ҷумла маҳсулоти растанипарварӣ 24818 млн. сомониро ташкил дода, 6,7 фоиз ва чорвопарварӣ 8745,6 млн. сомонӣ баробар гардида, 11,1 фоиз афзудааст. Истеҳсоли ғалладонагиҳо ба 1411,4 ҳазор тонна, картошка 774,9 ҳазор тонна, сабзавот 2201,8 ҳазор тонна, полизӣ 754,2 ҳазор тонна, мева 361,3 ҳазор тонна, ангур 216,6 ҳазор тонна, гӯшт 185,2 ҳазор тонна, шир 660,3 ҳазор тонна, тухм 902,7 млн. дона, моҳӣ ба 2100 тонна расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта истеҳсоли ғалладонагиҳо 9,4 фоиз, сабзавот 4,8 фоиз, полизӣ 4,4 фоиз, мева 19,1 фоиз, ангур 16,6 фоиз, гӯшт 5,9 фоиз, шир 2,2 фоиз, тухм 21,1 фоиз, моҳӣ 1,5 баробар зиёд гардид.
Бо мақсади таъмини бозорҳои истеъмолии ҷумҳурӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ мувофиқи маълумоти оморӣ, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ соли 2022 дар майдони 858,4 ҳазор гектар зироати кишоварзӣ кишт карда шудааст.
Бояд гуфт, ки миқдори заминҳои корам сол аз сол зиёд гардида, заминҳои бекорхобида ба гардиши кишоварзӣ ворид мегарданд ва дар ин замина ҷойҳои нави корӣ пайдо шуда, некуаҳволии мардум боз ҳам беҳтар мешавад.
Раъно НУСРАТУЛЛОЕВА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Тоҷикистон ба ҷомеаи рақамии пешрафта бо иқтисоди инноватсионии рақобатпазир табдил меёбад
Дар Барселона имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардид
СОҲИБКОРӢ ҲАМ МАСЪУЛИЯТ МЕХОҲАД! Аз ҷониби кормандони Кумитаи бехатарии озуқаворӣ маҳсулоти гӯштии бесифат мусодира карда шуд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими музди меҳнат ва пардохти иловапулӣ ба музди меҳнати кормандони соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ» ба имзо расид
Муқовимат ба коррупсия омили муҳими рушди устувори Тоҷикистон аст
Дар Тоҷикистон 556,5 гектар боғҳои нав бунёд карда шуданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ЧИСТ? Ва ё мошинҳои ҳисоббарор метавонанд ба монанди инсон фикр карда, қарор қабул намоянд?
Муҳлати лоиҳаи содагардонии расмиёти савдо дар Осиёи Марказӣ то соли 2029 тамдид карда шуд
Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамкориро дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ тақвият медиҳанд
Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми байналмилалӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ дар самти мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ иштирок намуданд
Дар Душанбе Форуми 10-уми Осиёи Марказӣ оид ба идоракунии интернет – CAIGF 2026 баргузор шуд
Дар Душанбе нахустин конфронси байналмилалӣ оид ба мониторинг ва арзёбӣ баргузор шуд






