Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Ҳисор натиҷагирӣ карда шуд

Октябрь 12, 2022 15:00

ДУШАНБЕ, 12.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи маълумоти Раёсати кишоварзии шаҳри Ҳисор, имсол кишти гандуми тирамоҳӣ ҳамагӣ 4114 гектарро ташкил дод, ки 1598 гектари он дар заминҳои  обӣ пешбинӣ шудааст. Имсол тибқи дурнамо, ҳамагӣ дар майдони 10981 гектар кишт гузаронида мешавад ва дар ин самт аз ҳоло тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд.

Ин нукта дар ҷаласае, ки дар шаҳри Ҳисор  оид ба вазъи воқеии иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар нуҳ моҳи соли равон бо иштироки  намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён  доир гардид, зикр шуд.

Раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар оид ба татбиқи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони мамлакат, таъмини натиҷаҳои пешбининамудаи Стратегияи миллии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  дастуру супоришҳои Пешвои миллат зимни сафарҳояшон ба вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо сухан гуфт.

Раиси шаҳр ҷадвали суръати рушдро дар самти саноат, сохтмон, савдо, кишоварзӣ ва хизматрасонӣ, ки дар асоси таҳлилҳои дақиқ таҳия гардида буд, тариқи монитор нишон дода,  зикр намуд, ки нақшаи даромади буҷети шаҳр давоми се моҳи охир- июл 101,6 %, август 100,2 % ва сентябр 101,1 % таъмин гардида, рушди Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар нуҳ моҳи соли 2022  108 фоизро ташкил дод. Ин рақам дар семоҳаи аввал 103,5 фоиз ва дар ҷамъбасти шашмоҳа 102,9 фоизро ташкил медод.

Инчунин иштирокдорони  ҷаласа бо ҷадвали иҷрои нақшаи намудҳои андоз, бақияи қарзҳои андоз, шумораи бекорон ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, фаъолияти корхонаҳои соҳаи саноат, содироти маҳсулоти саноатӣ, ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, истеҳсоли либосҳои мактабӣ  шинос гардиданд. Доир ба масъалаҳои бартараф кардани савдои кӯчагӣ, номутобиқатии маълумоти оморӣ ҳангоми ҳисобот, бақайдгирии оилаҳои камбизоат, таносуби нафақахӯрону коргарон, инчунин фаъолияти нокифояи комиссияи авфи амвол ибрози назар карда шуд.

Дар  ҷаласа ҳамзамон фаъолияти соҳаи кишоварзӣ, маориф ва  тандурустӣ таҳлилу баррасӣ гардида, вобаста ба ҳалли камбудиҳои ҷойдошта ба роҳбарият ва кормандони Раёсати кишоварзӣ, маориф ва тандурустӣ дастурҳои мушххас дода шуданд.

Муовини Сарвазир Матлубахон Сатториён бо ёдоварӣ аз мураккаб гардидани авзои сиёсии ҷаҳон ва минтақа, таҳдиди хатарҳои афзоянда ва таъсири он ба иқтисодиёту иҷтимоиёти ҷаҳон, аз ҷумла кишвари мо изҳори назар кард. Зикр шуд, ки дар баробари муваффақият дар самти иҷтимоию иқтисодии шаҳр камбудиву норасоиҳо низ ба назар мерасанд, ки ислоҳи саривақтиро тақозо менамоянд.

Муовини Сарвазир дар амал татбиқ намудани барномаҳои давлатӣ ва стратегияҳоро дар самти саноат, сохтмон, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳо ҷиҳати таъмини зиндагии шоистаи мардум аввалиндараҷа маънидод карда, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, ҳифзи амнияту оромиро аз вазифаҳои муҳим ва аввалиндараҷаи аҳли ҷомеа арзёбӣ намуд.

“Дар шароите, ки ҷомеаи ҷаҳон қарор дорад, моро зарур аст ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон атрофи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муттаҳид шуда, бештару беҳтар фаъолият намоем, корҳои бунёдкориро вусъат бахшем, сарфаю сариштакориро риоя намоем, дар ҷараёни амалишавии стратегияву барномаҳои соҳавӣ, ки пешбурди иқтисодиёти шаҳрро таъмин менамоянд, иштирок намоем ва барои дар сатҳи баланди маънавию ташкилӣ ва бо натиҷаҳои арзандаи меҳнатӣ истиқбол гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ омодагии ҳамаҷониба бигирем”,- таъкид намуд муовини Сарвазири  мамлакат Матлубахон Сатториён.

      АКС: Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Октябрь 12, 2022 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли қолин афзоиш ёфтааст
Таҳкими ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои саноат ва воридоти технологияҳои нав бо намояндагони BVMW баррасӣ гардид
Бонки Осиёии рушд омодагияшро барои ҷудо намудани 500 миллион доллар барои сохтмони неругоҳи «Роғун» тасдиқ намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар соҳаи алоқа густариш меёбад
Таъсиси Маркази тиҷоратии Тоҷикистону Эрон ва Маркази фанноварӣ ва инноватсионии рақамӣ дар Душанбе баррасӣ шуд
Ҷаласаи нахустини ҳамоҳангсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корея баргузор гардид
HUKUMAT.TJ. Тамоми сомонаҳои расмии мақомоти давлатии Тоҷикистон ба ин платформаи рақамӣ гузаронида мешаванд
Оё кишоварзони Тоҷикистон аҳолиро бо картошкаи ватанӣ пурра таъмин карда метавонанд?
Дар Шероз Протоколи ҷаласаи 17-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Эрон ба имзо расид
Масъалаҳои ҷалби сармояи Британияи Кабир ба Тоҷикистон баррасӣ шуданд
Ҳамкорӣ дар самти рушди технологияҳои инноватсионӣ бо Дафтари Швейтсария оид ба рушд дар Тоҷикистон тақвият меёбад
Бо иштироки ҷавонони волонтёри гуногунихтисос ҳамоиши ҷавонон баргузор гардид