342 воситаи офиятбахшӣ дастраси маъюбони ноҳияҳои вилояти Хатлон гардонида шуд
ДУШАНБЕ, 26.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Корвони хизматрасонии тавонбахшӣ, воситаҳои ёрирасон ва муоинаи беморон, ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида истодааст, барои маъюбони ноҳияҳои дурдасти вилояти Хатлон, аз ҷумла ноҳияҳои Балҷувон, Ховалинг ва Муъминобод 342 адад воситаҳои офиятбахшӣ дастрас намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат иттилоъ доданд.
Гуфта шуд, ки бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи кории кормандони Корхонаи давлатии «Заводи протезию ортопедӣ» -и шаҳри Душанбе, масъулини бахши ҳифзи иҷтимоии Вазорати тандурустии мамлакат ба ноҳияҳои дурдасти вилояти Хатлон сафари корӣ намуд.
Дар ҷараёни сафари корӣ бо ҷалби бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, шуъбаҳои кумаки аввалияи тибби санитарӣ, комиссияҳои машваратии ташхиси тиббӣ ва доираи васеи шахсони дорои қобилияти маҳдуд машварат доир гардид.
Ёдовар мешавем, ки корвони мазкур аз ин пештар ба маъюбони ноҳияи Айнӣ ва шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд ва ноҳияҳои Рашту Лахш кумак расонид.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ








Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад






